Бахшҳо
12 окт 2012 05:38Фарҳангу адаб

Баҳси номи як мактаб Айниро ду тақсим кард

Масъалаи номгузории мактаб дар яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Айнии вилояти Суғд-ҷамоати деҳоти Урметан ахиран ба як баҳси гарм табдил ёфт ва ҳоло сару садо атрофи он хеле боло рафтааст. Мавзӯъи бо номи кӣ гузоштани ин мактаб ба долонҳои ҳукумати ноҳияи Айнӣ расида, андешаҳои зиду нақизеро низ дар пай дорад. Чунин сару садо боиси он шуд, ки хабарнигори "Озодагон" ҷиҳати шиносоӣ ба ин масъала ба ноҳияи Айнӣ сафари хидматӣ анҷом бидиҳад.

Рӯзи аввал: Дидгоҳи сокинон

Рӯзи аввали сафар, ки ба 26-уми сентябри соли равон рост омад, дар таксии ба самти Айнӣ ҳаракатдошта ба Урметан расидам.То шоми ҳамон рӯз, бо чанд тан аз сокинон, пирони рӯзгордида ва ҷавонони он деҳа атрофи мавзӯъ сӯҳбат доштам.

Бояд қайд кард, ки мактаби рақами 40-и маҳаллаи Лангари рустои Урметани Айнӣ аз соли 1993 то соли 2006 (давоми 13 сол) бо номи ташаббускори асосии сохтмони он-Бегмаҳмад Тошев номгузорӣ шудааст. Тибқи як қонуни аз сӯи ҳукумат қабулгардида, номгузории макотиб ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо исми шахсони дар қайди ҳаётбуда манъ гардид. Дар ҳамин асос ва мувофиқи қарори  раиси ҳамонвақтаи Айнӣ аз мактаби №40-и Урметан номи Тошев ҳазф шуд. Ҳамин тавр, ин таълимгоҳ бе ном монд, аммо пас аз даргузашти Бегмаҳмад Тошев, ки миёни  омӯзгорон ва умуман кулли мардуми  Урметан шахси ташаббускору хизматнишондода ва ободкор шинохта шудааст, дубора ба номи марҳум гузошта нашуд.

Аснои сӯҳбат маълум гардид, ки омӯзгорон барои дубора барқарор намудани   номи Бегмаҳмад Тошев ба ҳукумати маҳалла ва маорифи ноҳия дархосту муроҷиати хешро ирсол менамоянд. Бародарон Дӯстмуҳаммедов бошанд, имзо ҷамъ намуда, мактабро ба номи падарашон номгузорӣ карданӣ буданд. Вақте ду дархост барои номгузории як мактаб ба мақомот ирсол мешавад, табиист, ки масъулини ҳукумат ба андеша мераванд ва хулосаи қатъӣ бароварда наметавонанд. Зеро агар ба як ҷониб арҷ гузошта шавад, тарафи дигар даъво пеш меорад ва ин боиси сару садои навбатӣ мегардад. Ба қавли ҳамсӯҳбатонам, аз ҳамин сабаб, ин масъала миёни онҳо норӯшан боқӣ мондааст ва маълум нест, ки масъулин киро арзанда меҳисобанду мактабро ба номи ӯ мегузоранд.

Рӯзи дуввум: Аз тавсифи Тошев то Дӯстмуҳаммедов  

Ҳоҷишарофиддин Самаров, сокини Урметан мегӯяд, дар таърихи ноҳияи Айнӣ мисли Бегмаҳмад Тошев нафаре, ки кори хайр карда бошад, нест. Номбурда иброз намуд, ки дар сохтмони мактаб, бунёди боғу иншооти дигари маҳалла, хусусан сохтмони пули болои дарёи Зарафшон, ки дар наздикии гузари Лангар ҷойгир аст, хидмати бевоситаи шодравон Тошев хеле хуб ба назар мерасад: "Офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Дӯстмуҳаммедов, ки ҳоло номи ӯро низ дар баробари Тошев барои номгузорӣ пешниҳод кардаанд, бо ман якҷо хондагӣ, якҷо кор кардагием, он кас муаллим кор карда омадаанд. Раҳматии Бегмаҳмад солҳое, ки ҷумҳурӣ ҳоло ба по хестагӣ набуд корҳои зиёде кард, ки корнамоиҳои ӯ барои мо фармӯшношуданист. Ман ёд дорам ва дигар муйсафедҳо низ медонанд, ки Тошев  як қутан мол дошт, ҳамаро  барои анҷоми корҳои ободонӣ, рафтану омадан дар роҳ сарф намуд. Барои сохтмони мактаби №40 ҳатто ба Тошканд рафта буд, барои вай ҳам рафтану омадан дар он замон осон набуд".  

Мирзо Қулов, рӯзноманигори маҳаллӣ ва як сокини дигари Урметан ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда, илова кард, ки Бегмаҳмад Тошев на танҳо дар ободонии деҳаи Урметан саҳм гузоштааст, балки вақте сохтмони ноҳияи Зафаробод оғоз меёфт, аввалин комендант шодравон Тошев буд, ки дар ободониву гулзоркунии Зафаробод бисёр саҳми босазо дорад. Ба қавли ин ҳамсӯҳбатам гузашта аз ин марҳум дар мавзеи Бегобод як ҷойи ноободро гирифта ошхона бунёд кард, ки то ҳол он бо номи "Ошхонаи Бегмаҳмад" маъруф аст: "Пас аз ин шодравон тамоми дороии худ, яъне он молу сарвати худро барои гулгулшукуфонии ҷомеаи мо харҷ кард. То ҷое огоҳӣ дорам, бо фармони президент он шахсиятҳое, ки дар қайди ҳаёт буданд номгузорӣ бо номи онҳо муввақатан боз дошта шуд. Албатта, тибқи қонунҳои амалкунандаи имрӯза  бояд пас аз марг он мактаб ба номи ин шахс, яъне Тошев гузошта шавад, вале чунин кор амалӣ нашудааст. Кӯпруке, ки Тошев сохтааст, имрӯз на танҳо ба мардуми хоҷагии деҳқонии Лангар, балки ба тамоми мардуми деҳа хизмат карда истодааст. Агар мо ба қадри чунин шахсон нарасем, оянда дар ҷомеа чунин шахсони накӯкор пайдо намешаванд".

Ба қавли Қулов, марҳум Асадулло Дӯстмуҳаммедов, нафари дигаре, ки барои номгузории мактаб бо номи ин шахс муроҷиатнома ирсол шудааст, устоди ӯ ва рӯзноманигор ҳам будааст, вале хизматҳои Тошев болотар меистанд. Бояд зикр намуд, то сохта ва ба истифода додани мактаби №40 хонандагони макотиби миёнаи гузари Лангари ҷамоати деҳоти Урметан мушкили дурии роҳи мактабро мекашиданд. Ҳудуди 4 километр дуртар аз гузари Лангар дар рустои дигар мактаби № 2 ҷойгир аст, ки ҳамарӯза хонандагон ба он ҷо барои таҳсил мерафтанд.

Бадалбой Шералиев, яке аз муйсафедони Урметан мегӯяд, маҳз бо кӯшишҳои Тошев ва бо сохта шудани мактаби №40  ҳамин мушкили хонандагон бартараф шуд: "Вақте давлати Шӯравӣ барҳам хӯрду дар Тошканд маҷлиси роҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна шуд, раҳматии Тошев ба он ҷо телеграмма равон кард, ки дар бунёди мактаб ба ӯ кӯмак намоянд". Бобои Бадал меафзояд, ки чанд сол қабл ҳамроҳ бо раиси ҷамоат ба назди раиси ноҳия рафта будем, то ин мактаб дубора бо номи Тошев гузошта шавад. Дар он ҷо гуфтанд, ки аз шумо пештар як гурӯҳ аз деҳаи Лангар омада буданду хоҳиш карданд, ки мактаб ба номи Асадулло Дӯстмуҳаммедов гузошта шавад: "Раиси ноҳия гуфтанд, барои ҷангу ҷанҷол нашудан миёни гурӯҳҳо, мо ҳоло аз гузоштани мактаб ба номи касе  худдорӣ мекунем".

Шералиев мегӯяд: "мактаб зебанда ва арзанда ба номи Тошев аст, барои номгузорӣ мардуми Урметан Тошевро ҷонибдорӣ ва дастгирӣ мекунанд. Дӯстмуҳаммедовро ганда карданӣ нестам, лекин воқеиятро гуфтан лозим, ки Дӯстмуҳаммедов муаллими ҳамон мактаб шуда кор кардааст. Дар бунёди мактаб ба ягон идора рафта давутоз накардааст, ҳатто як хишт ҳам саҳм надорад". Ба назари ӯ, пешниҳоди номи шодравон Дӯстмуҳаммедов бо роҳи гирифтани маблағ  ба миён омадааст. Аз ин рӯ сокинони деҳа шубҳа карданду ба по хестанд. Ин ҳамсӯҳбатам, қайд кард, ки мушкил дар ин аст, ки дар ҳузури раиси ноҳия дидааст, ки коллективи омӯзгорон дар муроҷиатнома ба ҳукумати ноҳия ҳам барои Тошев имзо кардаанд ва ҳам барои Дӯстмуҳаммедов, ки ин ҳолат хеле шубҳанок аст ва набояд чунин шавад.

Нурмуҳаммад Алиев, сокини Урметан, собиқ корманди Кумитаи амнияти миллӣ, ки таҷрибаи 40-солаи корӣ дар ин ниҳод дорад, иброз намуд, ки шоҳиди он аст, собиқ раиси ноҳияи Айнӣ ба Бегмаҳмад Тошев гуфта буд, ки баъди даргузашташ мактабро дубора ба номаш, яъне ба номи Тошев мегузоранд, вале чаро чунин нашуд, ин ҳамсӯҳбатамон намедонад. Алиев мегӯяд, ин ҷо айби муаллимони мактаб низ ҳаст, ки ҳам ба ҷониби Тошев ва ҳам ба ҷониби Дӯстмуҳаммедов имзо гузоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадӣ Нуров, директори мактаби №40-и гузари Лангар ин гуфтаҳоро инкор намуда, таъкид сохт, ки  ҳамаи омӯзгорон ба ду ҷониб такроран имзо нагузоштаанд, балки қисме ба Тошев ва баъдан як қисми дигар барои бо номи Дӯстмуҳаммедов гузоштани мактаб имзо гузоштаанд. Сарвари феълии таълимгоҳ Тошевро воқеан як инсони ташаббускор хонд ва масъалаи номгузории мактабро бо номи ӯ ва ё бо номи Дӯстмуҳаммедов проблемаи ҳукумат унвон намуд. Чанд тан аз омӯзгорони мактаби №40 низ дар сӯҳбат ба хабарнигори "Озодагон" гуфтанд, воқеан ҳам арзанда аст, ки ин мактабро бо номи Тошев гузоранд.

Ҳолати норӯшани масъалаи номгузории ин мактаб маро водор сохт, ки бевосита ба нусхаи дархосту муроҷиатномаи омӯзгорон шинос шавам. Воқеъан ҳам, вақте  ҳарду муроҷиатномаи омӯзгоронро аз назар гузаронидам, ҳолатҳое дида мешуд, ки имзои як нафар барои номгузорӣ ба он ду шахс вуҷуд дорад, ки сабаби инро масъулини ҳукумати ноҳияи Айнӣ шарҳ дода натавонистанд.

Алиқул Қодиров, муовини раиси ҷамоати деҳоти Урметан гуфт, як сол пеш муроҷиатнома ба ҳукумати ноҳия дар масъалаи номгузории мактаб бо номи Бегмаҳмад Тошев аз номи мардуми деҳа ва омӯзгорон фиристода буданд, вале ҳанӯз ҳам ин масъала дар ҳоли омӯзиш қарор дорад: "Лекин хеле арзанда аст, ки ҳамин мактабро бо номи раҳматии бобои Бегмаҳмад Тошев гузоранд".

Бибисаид Муҳиддинова, раиси комиссияи номгузорӣ ва ҳамзамон муовини раиси ноҳияи Айнӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аз мактаби №40 ду шахсро бо имзоҳои такрорӣ дар ҳар ду муроҷиатнома ба ҳукумати ноҳия ирсол намудаанд: "Бубинед, аз  мактаб дидаву дониста, номи ду  шахсро барои номгузории як мактаб бо имзоҳои якхела пешниҳод кардаанд".

ӯзбакой Каримова, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Айнӣ мегӯяд, вақте ду нафар дар як вақт барои номгузории мактаб  ҳуҷҷат пешниҳод карданд, бо далели он ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як мактубе ирсол шуда буд, ки тибқи он бояд як муддат аз номгузорӣ  ба номи шахсиятҳо худдорӣ карда шавад, бино бар ин арзи  ҳар ду ҷониб рад карда шуд. Ин масъули ҳукумати ноҳияи Айнӣ сабаби ирсоли он мактубро, ки  гуфта шудааст, аз номгузорӣ як муддат худдорӣ карда шавад, нагуфт ва шояд нахост шарҳ бидиҳад. Вале бону Муҳиддинова, раиси комиссияи номгузорӣ сабаби ба миён омадани мактуби мазкурро ба арзу шикоятҳои воридшуда рабт дод.  

Масъулини ноҳияи Айнӣ мегӯянд, шодравон Асадулло Дӯстмуҳаммедов  ба унвони "Аълочии маорифи Тоҷикистон" қадр шудаааст ва тибқи қонунҳои амалкунанда ва дар низомномае, ки барои номгузорӣ амал мекунад, гуфта шудааст, ки номгузорӣ ба номи он шахсиятҳое мешавад, ки дорандаи мукофотҳои давлатӣ бошанд.
Аммо як намояндаи дигари ҳукумати ноҳияи Айнӣ иброз дошт, ки ба ин ё он иншоот гузоштани номи нафароне, ки миёни мардум обрӯву эътибори баланд доранд ва хизматнишондода ҳастанд, ҳеч бадӣ надорад.

Вақте бо ду масъули ҳукумати Айнӣ- ӯзбакой Каримова ва Бибисаид Муҳиддинова сӯҳбати рӯ ба рӯ доштем, яке аз корнамоӣ ва заҳматҳои Тошев ҳарф мезаду дигаре кӯшиш мекард, ҳар чӣ бештар фаоълияти омӯзгории Дӯстмуҳаммедовро васф намояд. Хонум Каримова гуфт, фаъолияти ин ду нафарро пурра омӯхта баромадааст ва Тошевро бештар мешиносад, чунки ин шахс ҳар рӯз барои як проблемаи деҳот ба ҳукумати ноҳия меомад: "Ин мактаб бо номи касе, ки гузошта шавад, инро донед, ки Тошевро мардум мешиносанду қадр мекунанд". Аммо Муҳиддинова мегӯяд, Дӯстмуҳаммедов муаллими шоиста буданд ва барои номгузорӣ ба исми ӯ шиносҳо аз дигар мактабҳои ҷамоат низ нома равон кардаанд.  

Раиси ноҳия хабар надоштааст?

Дар сӯҳбате, ки бо Рустам Раҳматов, раиси ноҳияи Айнӣ доштам, номбурда қайд намуд, ки ба мактаб номи як шахсеро гузоштан лозим, ки арзанда бошад. Ба қавли ӯ, барои номгузорӣ ба мактаби №40 номи ду- се нафар пешниҳод гардидааст, ки ҳамаашро омӯхтаанд ва онҳо дар як сатҳ қарор доранд: "Кош як шоир, ё нависанда мешуд ё нафаре мешуд, ки мавқеъаш дар ҷамъият муайян мешуд. Ин нафаронеро, ки пешниҳод кардаанд, аз доираи диёру гузарашон берун касе онҳоро намедонад, бинобар ин мо худдорӣ кардем, аз номгузорӣ ба номи ин ду нафари пешниҳодшуда…" Раҳматов мегӯяд, вақте ягон шахси арзанда пайдо шуд, ҳаракат мекунанд, мактабро бо номи ҳамон кас монанд. Раиси ноҳияи Айнӣ иброз медорад, ки шахсан худи ӯ Тошев ва Дӯстмуҳаммедовро намешиносад ва агар номи яке аз онҳоро ба мактаб гузорад, даъвоҳо зиёд мешаванд.  

Аҷобат дар он аст, ки Рустам Раҳматов, раиси ноҳияи Айнӣ бехабар аст, ки мактаби мазкур қаблан 13 сол бо номи Тошев будааст: "Ман инашро намедонам. Агар қаблан ба номи Тошев мешуд, имрӯз ба номи Тошев омадан мегирифт".

Ҳарчанд мардуми Урметан, омӯзгорон, бархе аз масъулини ҷамоати деҳоти Урметан ва кормандони хонаи фарҳанги ин ҷамоат хоҳиши номгузории мактаби №40-ро бо номи Бегмаҳмад Тошев доранд, вале Рустам Раҳматов, раиси ноҳияи Айнӣ ҳоло мунтазири як нафари арзанда барои номгузорӣ мебошад.

На танҳо мактаб ва номгузорӣ…

Бояд зикр намуд, зимни пайгирии ин мавзӯъ чанд мушкили дигаре, ки мардуми Урметан бо он рӯ ба рӯ аст, рушан шуд. Аз ҷумла, истифода нагардидани маблағҳои ҷудошуда барои обтаъминкунии заминҳои киштзор, ба об таъмин нашудани заминҳои кишт ва дар пайи ин камҳосилии заминҳо, роҳҳои харобу таъмирталаб...
Чун ҳадаф баррасии баҳси  номгузории мактаб буд, бо ҳамин иктифо мекунем ва интизор мешавем, ки мақомоти масъули ҳукумати ноҳияи Айнӣ чӣ тасмим мегиранд, то ҳақ ба ҳақдор расаду адолат барқарор.

Ба мушкилоти номбаршуда бо даст додани имкон, албатта бармегардем.  

Душанбе-Айнӣ-Душанбе
Алишер ЗАРИФӣ
Мӯҳр
Салом ман сокини хамин нохия,дар ин сахифа маълумотхои хуб дар бораи нохияи мо ва хамдехагони мо омадааст.Хубтар мешуд дар ин сахифа таърихи нохия ва дехаи мо Урметанро чой медодед.Каблан миннатдории худро ба шумо мерасонам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)