Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:53

Ишкамғафсҳо аз санҷиши мақомоти интизомӣ намегузаранд

30 июн 2011, 08:40

Санҷиши вижаи кормандони вазорати корҳои дохилӣ (атестатсия), ки барои идомаи кор дар ин ниҳод зарур аст, шояд бидуни нафарони «фарбеҳ ва ишкамғафс» анҷом шавад.


Ин матлабро Рашид Нургалиев, вазири умури дохилии Русия изҳор доштааст. Владимир Василев, раҳбари кумита оид ба амнияти парлумон зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳороти Нургалиевро нақли қавл кардааст. Ба гуфтаи вай «фарбеҳон ва ишкамкалонҳо» аз санҷиш намегузаранд. Номбурда афзудааст, ки вазири корҳои дохилии Русия ваъда кардааст, ба кормандони ниҳодаш, ки дар умум ҷавобгӯи меъёрҳои пулисанд, дар вазнашон сабукӣ хоҳад дод. Чунин афрод шонси пулис шуданро доранд, гуфтааст вазир.
Қаблан Нургалиев изҳор дошта буд, ки ҳудуди 15-20 дар сади раҳбарони ВКД шояд аз санҷиш нагузаранд. Ба қавли муовини аввали вазир Михаил Суходолский талаботи асосӣ барои ба сафи корманди пулис қабул намудан бояд комиссияи тиббӣ бошад. Пулисҳои оянда бояд аз нозукиҳои дзюдо огоҳ буда, омодагии хуби ҷисмонӣ дошта бошад.
Ёдовар мешавем, қонун «Дар бораи пулис» аз якуми марти соли равон дар Русия ҳуқми қонунӣ гирифт. Ин санад милисаро ба пулис табдил дод. Гуфта мешавад, зимни ислоҳоти ВКД дар соли 2012  22% ҳайати шахсӣ бояд ихтисор шавад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!