Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

3000 дар ВМКБ кӯмаки ройгони тиббӣ гирифтанд

30 июн 2011, 08:48

«Корвони саломатӣ» тӯли 6 рӯз, аз 20 то 26 июни соли равон ба шаҳру навоҳии ВМКБ сафарбар карда шуд.


Ҳадаф аз боздиди ин корвон, расонидани хизмати босифати тиббӣ, омӯзиши вазъи хизматрасонии тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дасгирии табақаи камбизоати аҳолӣ ва расонидани кӯмак ба муассисаҳои табобатии ин минтақа, арзёбӣ гардид. Ба иттиллои маркази матбуотии вазорати тандурустӣ, ҳайати «Корвони саломатӣ» аз 38 нафар мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни тандурустӣ иборат буд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ба мардум хизмати ройгони тиббӣ расонидаанд. Ба зиёда аз 3000 нафар ниёзмандон кӯмаки ташхисию машваратӣ расонида шудааст. Ҳамчунин, беш аз 1 ҳазору 750 нафар, аз ҷумла, сарбозони ду қисми сарҳадӣ тавассути дастгоҳи сайёри флюорографӣ аз муоина гузаронида шуд. Зимни сафари ин корвон, дар маркази вилоятии наркологӣ « Барномаи табобати ҷойивазкунада» оғоз гардида, ҳамзамон аттестатсияи навбатии табибони вилоят гузаронида шуд, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!