Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:57

ВАО-и Русия фармоиш иҷро мекунад

14 декабр 2012, 07:01

Пўшида нест, ки расонаҳои хабарии Русия нисбати Тоҷикистон муносибати хуб надошта, холисона вазъиятро инъикос намекунанд... Русҳо тибқи васиятномаи шоҳ Пётр амал карда, мақсади аслиашон дубора роҳ ёфтан ба соҳили рости Амударё мебошад.

Чанд рӯз қабл, Николай Патрушев, дабири шўрои амнияти Русия аз эҳтимоли сар задани инқилобҳои ранга дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Украина «ҳушдор» дода буд. Ба қавли ӯ, ҳаводиси ин кишварҳо барои Русия хатарбор буда, Маскав ин масъаларо дар наздиктарин фурсат мавриди баррасии ҷиддӣ қарор хоҳад дод.

Бо таваҷҷўҳ ба ин гуфтаҳои оқои Патрушев коршиносон изҳор медоранд, ки Русия ҳамакнун баъд аз бароварда сохтани манфиатҳояш аз Душанбеву Бишкек вазъи минтақаро куллан таҳти назорат хоҳад гирифт.Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Асосиатсияи миллии сиёсатшиносони тоҷик мегӯяд, Николай Патрушев бо ин ҳарфҳояш исбот кард, ки аз фарҳанги сиёсии тоҷик ба хубӣ огоҳӣ надорад: «Чунки баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди шўравӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таълимоти «Шоҳи одил» ба роҳ монда шуд. Бояд гуфт, ки ин таълимот имрўз ду зарбаро аз сар гузаронид».

-Аз кишварҳои минтақа танҳо Қирғизистон бо сабабҳои маълум ба ин зарба (инқилобҳои рангаи аз хориҷ тарҳрезишуда) тоб наовард. Дуввум зарба ин «Баҳори Араб» буд, ки Тоҷикистон аз ин ҳам худро канор гирифт,-илова кард Маҳмадазимов.

Дар идома номбурда гуфт, ки бо ба даст овардани пойгоҳи низомӣ Русия ҳатман фишорро бештар хоҳад кард. Зеро русҳо тибқи васиятномаи шоҳ Пётр амал карда, мақсади аслиашон дубора роҳ ёфтан ба соҳили рости Амударё мебошад.

Дар ҳамин ҳол Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари маркази тадқиқоти стратегӣ мегўяд, ки ниҳодҳои давлатии Русия бештар таҳти таъсири расонаҳои хабарии худ аз вазъияти сиёсии Тоҷикистон хулосабарорӣ мекунад. Вале пўшида нест, ки расонаҳои хабарии Русия нисбати Тоҷикистон муносибати хуб надошта, холисона вазъиятро инъикос намекунанд. Расонаҳо бо фармоиши раҳбарони худ амал мекунанд. Воқеъиятро дуруст инъикос намекунанд. Аз ин хотир метавон гуфт, ки суханҳои ҷаноби Патрушев дар бораи мавҷудияти заминаҳои «инқилоби ранга» дар Тоҷикистон ҳеч асосе надорад, илова намуд, Сайфулло Сафаров.

Бархе аз коршиносон бошанд, бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон заминаи «инқилоби ранга» мавҷуд аст. Ба сифати далел онҳо аз бадтар гардидани шароити иҷтимоии мардум мисол оварда, мегўянд, ки дар сурати каме вазнинтар гардидани вазъият мардум худ ба худ ба ҷӯш меоянд. Аммо Сайфулло Сафаров дар ин маврид назари дигар дорад.

-Чунин таҳлилҳо дуруст нестанд. Зиндагии мардуми Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст. Сатҳи камбизоатӣ низ давоми чанд соли охир аз 82 дарсад ба 40 фисад расидааст,-меафзояд Сафаров. Ӯ шикоят аз он мекунад, ки коршиносон ин омори расмиро нодида гирифта, таҳлилҳои худро анҷом медиҳанд.

Ҳумайрои БАХТИЁР



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!