Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:01

Амрико ва такрори иштибоҳи ҳимоят аз Ал-қоида

18 декабр 2012, 07:07

Ин мавзӯъ моро ба ёди сиёсате меандозад, ки Амрико дар Афғонистон онро тарсим кард ва ошкоро ва ба соддагӣ, ба ҳимоят аз шабакаи Ал-қоида дар ин кишвар пардохт ва имрӯз пеш аз хурӯҷ аз ин кишвар дар садади бастани қарордод ва расидани тавофуқ бо он аст.

Хабаргузории "Ал-шарқ ул-ҷадид" дар гузорише таҳти унвони "Амрико бо ҳимоят аз Ал-қоида муртакиби иштибоҳи дубора мешавад", менависад: бешубҳа давлати Амрикоро бояд омили аслии шаклгирии муҷаддади созмони Ал-қоида ва ин бор дар Сурия донист, ки ҳамакнун дар ин кишвар бо низоми ҳокими миллии он дар ҳоли мубориза аст, дар ҳоле ки бар касе пӯшида нест, ки муҳимтарин асл ва ақидаи ҳоким бар ин артиш, мубориза бо саҳюнизм ва хушунати тоифаӣ аст.

Пеш аз ҳар чиз бояд гуфт, ки тамоми стратегияҳои Амрико дар ҷаҳони Араб, бар асли хусуматварзӣ ва душмании комил бо ҳар ҷарёни озодибахши арабӣ аст, ки мунодии собитшавии пояҳои истиқлоли миллӣ ва мубориза бо ҳокимияти саҳюнизм дар минтақа ва дар тамоми шаклҳои он аст.

Аз сӯи дигар низои арабҳо ва Исроил, ки минтақа солҳо боз шоҳиди он аст, боис шуда, то дар Ховари Миёна эътилофҳо ва меҳварҳои минтақаӣ шакл гирад, ки яке аз онҳо Ал-қоида аст ва ин созмон ва ташаккул беш аз он ки абзоре барои озодӣ ва раҳоии минтақа бошад, василае бари тика-тика кардани минтақа аст, ки Ғарб аз он ҳимоят мекунад.

Амалкарди Ал-қоида дар солҳои фаъолияти ин созмон нишон дод, ки ҳадафи аслии он аз байн бурдани бофт ва сохтори ҳамоҳанг ва мунсаҷими миллатҳои ҷаҳони араб аст, ки роҳи мубориза ва муқобила бо саҳюнизм ва империализми ҷаҳониро пеш гирифтаанд ва поягузории хушунат ва даст задан ба амалиёти терорристӣ бо такя бар фарҳанги фитнаангезии мазҳабӣ ва табдили суитафоҳумҳо ба ихтилофоти амиқ, муҳимтарин асли мавриди итико дар ин созмони террористӣ аст.

Ҳамчунин ошкор шуд, ки мавқеи ахири гурӯҳҳои мухолифи сурӣ дар мавриди ин ки Ал-қоида як созмони содда ва пеши по афтода дар Сурия нест ва баёнияҳое, ки дар маҳкумият қарор додани "Ҷабҳаи ёрии аҳли Шом" дар феҳрасти терроризми Амрико мунташир шуданд, ҳама нишон доданд ва собит карданд, ки дар амал иртиботи амиқе байни созмони Ал-қоида бо аксари ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои мухолифи фаъол дар арсаи сиёсӣ ва дохилӣ ва хориҷии Сурия вуҷуд дорад.

Ин мавзӯъ моро ба ёди сиёсате меандозад, ки Амрико дар Афғонистон онро тарсим кард ва ошкоро ва ба соддагӣ, ба ҳимоят аз шабакаи Ал-қоида дар ин кишвар пардохт ва имрӯз пеш аз хурӯҷ аз ин кишвар дар садади бастани қарордод ва расидани тавофуқ бо он аст. Дар ҳоле, ки таҷриба ба мо собит кард, ки ин шабака дорои дидгоҳҳо ва мавозеи хосе аст ва ба шакли ҳушмандонае медонад, ки чӣ гуна аз мувозинаҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ барои тарҳҳои террористии ҷаҳонияш истифода ва баҳрабарӣ кунад.

Нуктаи сеюми ин таҷоруб барои мо ошкор карданд, ки Ғарб ба хубӣ медонад, ки чӣ гуна аз ҳарбаи терроризми мазҳабӣ барои зарба задан ба муқовимат ва ҷунбишҳои озодибахш дар ҷаҳони арабӣ ва исломӣ истифода кунад ва ҳамакнун эҳсос мешавад, ки Ғарб бори дигар ин ҳарбаро ба даст гирифта ва ҷунбишҳои озодибахш дар хатари афтодан ба доми ихтилофот ва ду дастагиҳои мазҳабӣ ҳастанд ва аз эҳтимол дур нест ки муқовимат низ бо таваҷҷуҳ ба фазои таблиғотӣ ва фарҳангии эҷод шуда, гирифтори чунин дасисае шавад. Дасисае, ки ниёзманди таамул ва диққат дар аҳдофи воқеии наҳуфта дар батни он ва ёфтани роҳкоре барои муқобила бо он аст.

Барои муқобила бо ин хатар ва бар асоси диққат бо авзои ҷорӣ дар Сурия, масулияти бузурге бар ӯҳдаи Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҳизбуллоҳ ва муқовимати исломӣ дар Фаластин ниҳода шуда аст ва аввалин гом дар ин роҳ бояд байни неруҳои озодибахш ва неруҳое, ки ба васила ва абзори истеъморгарон табдил шудаанд, фарқ қоил шуд ва байни онҳо хати фосилае кашид ва пас аз он талош кард, ҷараёни умурро ба самте ҳаракат диҳад, ки мувозинаро ба суди неруҳои озодибахш ва муқовим дар баробари ҳокимияти истисмор тағйир диҳад ва агар битавонад дар ин марҳила аз низоъ, ба саломат берун ояд, дар он сурат метавон ҷунбиши раҳоӣ ва озодиро ба саросари минтақа густариш дод.

Манбаъ: Хабаргузории Форс



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!