Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:38

Ташвиши сокинони Файзобод аз тағйири лимити барқ

18 декабр 2012, 10:53

Ҳанӯз як моҳи пурраи фасли зимистон нагузашта, мушкили бебарқӣ сокинони деҳотро нигарон сохт. Бино ба қавли бархе аз истиқоматкунандагони ноҳияи Файзобод бо иллати тағйири вақти лимити барқ мушкилоти онҳо низ зиёд гашта, ҳоло ҳайронанд, ки ба кӣ ва ба куҷо муроҷиат кунанд.

Неъматулло, як сокини ноҳияи Файзобод бо таҳайюр мегӯяд, се рӯзи охир дар лимити барқ тағйирот ворид шудааст: «Пештар аз соати чори субҳ то соати ҳашт барқ медоданд, ҳоло аз соати 08:00 то соати 09:30 барқ медиҳанд. Бегоҳ соати 17:30-и шом то соати 21:30 барқ доштем, аммо ҳоло вақти онро ба соати 21:30-23:00 интиқол додаанд. Дар ин вақти шаб, маъмулан мардум дигар аз қувваи барқ истифода карда наметавонанд. Тавре медонем, шанбе ва якшанбе аслан вақти тую маърака ҳаст. Мардум, ки ба лимити пештара одат кардаанд ва вақте ба меҳмонӣ меояд, кӯшиш мекунанд, барқ хомӯш нашуда ба манзилҳояшон баргарданд. Албатта намешавад, ки меҳмонро соати 22 ё 23-и шаб таклиф кунӣ, ё ин ки худи ҳамон меҳмон ҳеч гоҳ ният намекунад, ки дар торикии шаб ба хонаи хешаш ба меҳмонӣ ё ба тӯю маърака равад, зеро дар ин вақти шаб мардуми деҳот хоб мекунанд».

Лимити барқ на танҳо дар ноҳияи Файзобод, балки дар шаҳри Ваҳдат низ тағйир кардааст. Дар сӯҳбат ба Озодагон чанд сокини ин шаҳр гуфтанд, ки бо далели дигар кардани вақти интиқоли барқ мушкили аҳолӣ бештар шудааст.

Назаралӣ Қаҳҳоров, навбатдори шабакаи барқтақсимкунии ноҳияи Файзобод ба суоли мо гуфт, ки ду шабонарӯз аст, дар бархе маҳаллаҳои ноҳия вақти лимити барқ тағйир дода шудааст. Ӯ мегӯяд, лимити пешина барои мардум хубтар буд, аммо онҳо танҳо супориш (амр)-ро иҷро мекунанд: «Ба мо гуфтанд, ки айни ҳол ду агрегати неругоҳи Норак мавриди тармиму таъмир карор дорад. Барои ҳамин фармон доданд, ки дар ҳамин вақту соат бо ҳамин тарз ба мардум барқ диҳем. Мо иҷрокунандаем, ҳар чиз, ки аз Шабакаҳои барқи марказӣ гӯянд, мо ҳамонро иҷро мекунем. Ҳоло ҳеч чиз ба мо маълум нест, нагуфтанд, ки кай мувофиқи лимити пешина барқ диҳем». Дар ҳамин ҳол, Сиёвуш Собиров, танзимгари Шабакаҳои барқи марказӣ иброз дошт, тағйири вақти лимит бо сабаби корҳои техникӣ муваққатан роҳандозӣ шудааст.

Номбурда афзуд: «Хати баландшидати 220 киловата мавриди таъмир қарор дорад ва аз ҳамин сабаб муваққатан чунин иқдом пеш гирифта шудааст. То анҷом ёфтани корҳои таъмирӣ ба чунин реҷа барқ дода мешавад».

Сиёвуш Собиров мушаххасан нагуфт, ки таъмир кай ба анҷом мерасад. Ин дар ҳолест, ки сокинони деҳоти Файзобод мегӯянд, агар вазъ чунин идома ёбад, захираи ҳезуму ангишташон дар миёнаҳои фасли сармо тамом мешавад.

Ибодуллоҳи ТОИР



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!