Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:54

Эмомалӣ Раҳмон таҷлили рӯзи «Инқилоби исломӣ»-ро табрик гуфт

11 феврал 2013, 13:31

Эмомалӣ Раҳмон таҷлили рӯзи «Инқилоби исломӣ»-ро табрик гуфтТибқи иттилои сомонаи расмии президент дар барқия аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ,
Фарорасии ҷашни умумимиллии кишвари бародарро ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Эрон самимона табрику таҳният мегӯям.Мо ба дурнамои неки муносибатҳои ду кишвари ҳамкешу ҳамфарҳанг эътимоди қавӣ дорем, зеро ба шарофати густариш ва таҳкими онҳо дар арсаҳои бунёдӣ, қабл аз ҳама дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ, тӯли солҳои охир равобити байнидавлатии ду кишвар на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар сатҳи бисёрҷониба низ пайгирона густариш ёфта, мазмуни сифатан нав касб намудааст».
Ҳамзамон, дар ҷаноби Раҳмон дар табрикномаи хеш унвонии ҳамтои эрониаш навиштаст, ки итминони комил дорам, ки муносибатҳои минбаъдаи мо дар асоси боэътимоди қарордодиву ҳуқуқии мавҷуда рушду тавсеа ёфта, боиси афзоиши назарраси ҳаҷми гардиши тиҷоратии байни ду кишвар ва сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иншооти стратегии иқтисоди Тоҷикистон мегарданд.
-Дар ин айёми фархунда – бо ибрози табрикоти муҷаддад – ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми шарифи Эрон амонӣ, саодат ва шукуфоӣ таманно дорам,-омадааст дар фарҷоми табрикоти Эмомалӣ Раҳмон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!