Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:43

Жириновский: "Барои истифодаи калимаҳои ғайрирусӣ муҷозот таъин шавад"

21 феврал 2013, 15:45

Бино ба маълумоти расида, вакилони ЛДПР пешниҳод доранд, то қонуни забони кишвари Русия такмил шуда, ҳамзамон ба кодекси коидавайронкунии маъмурӣ илова ворид гардад.

Ҳизби Владимир Жириновский мехоҳад, барои махлут кардани забони русӣ бо калимаҳои ғайр дар мавриди истифодаи он ҳамчун забони давлатӣ барои шаҳрвандони оддӣ аз 2 то 5 ҳазор, барои мансабдорон аз 40 то 50 ҳазор рубл ҷарима муқаррар карда шавад.

"Истифодаи англисизм ва американизм дар гуфтор миёни насли наврас ҳеч гуна назорат намешавад. Мутаассифона, аз чунин истилоҳоти хориҷӣ ҳатто наттоқони ТВ ва барандаҳои барномаҳои гуногуни телевизионӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ беистиҳолаву бемавқеъ истифода мекунанд. Ҳатто онҳо аз минбари парлумон ва аз забони ашхоси расмӣ низ садо медиҳанд. Кор то ҷое расидааст, ки дар номи муассисаҳои давлатӣ низ аз чунин истилоҳоти бегона истифода мешавад”
, - гуфтааст Владимир Жириновский дар шарҳи лоиҳаи ҳизб.

Бино ба иддаои вакилони ЛДПР, ҳарчанд қонунгузории Русия мансабдорони давлатиро барои посдории забони русӣ муваззаф кардааст, аммо усулан дар ин самт коре анҷом намешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!