Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:42

Радди талаби "ИмрӯзNews" аз сӯи додгоҳи Исмоили Сомонӣ

25 феврал 2013, 09:36

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ талаби “ИмрӯзNews”-ро дар мавриди иваз намудани раисикунандаи мурофиаи додгоҳии ин нашрия бо Рустам Ҳукумов, писари раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон, рад кардааст.

Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи “ИмрӯзNews” дар сӯҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, аз додгоҳ талаб кардаанд, Шерзод Низамов, ки баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов алайҳи ин нашрияро баррасӣ мекунад, иваз гардад. Аммо додгоҳ рӯзи ҷумъа таъинот баровардааст, ки ин талаби нашрия рад карда шавад. Назири Нусрат мегӯяд, аз оғози мурофиа Шерзод Низамов тамоми таклифоти нашрияро рад карда, пешниҳодҳои ҷониби даъвогарро қонеъ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, баҳси додгоҳии "ИмрӯзNews" ва Ҳукумов ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст ва имрӯз (25-уми феврал) дар назар аст, нашрия охирин суханашро баён кунад. Суханони охири ҷониби даъвогарро додрас дар мурофиаи рӯзи ҷумъа шунидааст ва дар назар аст, имрӯз ҳукми додгоҳ нисбат ба даъвои Ҳукумов алайҳи нашрия содир шавад.

Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон», рӯзномаи «ИмрӯзNews» - ро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, аз додгоҳ хостааст, шаъни ӯро барқарор кунад. Ҳукумов аз рӯзномаи “Имрӯз News” 50 000 сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Норозигии аслии Рустам Ҳукумов, ба як навиштаи рӯзнома, таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» - и падарҳо шудаанд», рабт дорад, ки «ИмрузNews» онро 16-уми октябри соли 2012 нашр кардааст. Назири Нусрат, муаллифи матлаб мегӯяд, қазияҳои боздошти Ҳукумов ва Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқи қирғизро ба баррасӣ кашида, дар навиштааш дар ягон ҷо ба таҳқир роҳ надодаст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!