Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:44

Нашрияи "ИмрӯзNews" ба додгоҳи Душанбе шикоят бурд

7 март 2013, 17:31

Нашрияи "ИмрӯзNews" аз болои ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки баҳси миёни онҳо ва Рустам Ҳукумов, писари раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистонро ба нафъи дувумӣ поён бурд, ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Дар ин бора ба "Озодагон" Назири Нусрат, сардабири "Имрӯз Нюс", хабар дод ва гуфт, онҳо ҳукми додгоҳи Исмоили Сомониро, ки нашрияро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷуброн ба Рустам Ҳукумов масъул кардааст, қабул надоранд ва онро "ғайриқонунӣ" мешуморанд.

Назири Нусрат мегӯяд, онҳо бо пешниҳоди "шаш асос" аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостаанд, ки ҳалномаи додгоҳи Исмоили Сомониро бекор кунад. Аз ин пештар, нашрияи "Имрӯз Нюс" бо пахши изҳороте гуфта буд, дар ҷараёни баргузории ин мурофиа, ки охири моҳи январ шурӯъ шуд, дар чанд ҳолат бо қозии парванда ба мушкил рӯбарӯ шудаанд.

“Ҳолати аввал ҳангоми супоридани ордер рӯй дод. Ҳолати дувум замоне буд, ки судя талаботи моро оид ба баргузории шакли кушодаи мурофиаи судӣ ба инобат нагирифт. Ҳолати саввум ба дастраскунии Қарори Суди вилояти Маскав иртибот дорад, ки онро ҷониби даъвогар ҳамчун замима ба аризаи даъвогӣ ворид кардааст. Ҳолати дигар рад карда шудани ду дархост оид ба ташхиси лингвистикии мақола ва супориши судӣ мебошад”,-таъкид шуда буд дар изҳороти онҳо.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!