Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:16

Саргардонӣ. Ҳавопаймо натавонист аз Машҳад ба Душанбе биёяд

7 март 2013, 17:39

Парвози ҳавопаймои хатти сайри Машҳад-Душанбе имрӯз ба далели бориши шадиди барф дар бисёре аз манотиқи Эрон, аз ҷумла Машҳад, лағв шуд.

Ба гузориши шоҳидони айнӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Машҳад, яке аз масъулони ширкати ҳавопаймоии "Осмон Эйр"-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар байни мусофирон эълом кард, ки ба сабаби номуносиб будани боду ҳаво парвози хатти сайри Машҳад-Душанбе анҷом намешавад. Ин масъули ширкати "Осмон" дар посух ба саволи мусофирони тоҷик дар бораи мушкилоти бархе аз онҳо, аз ҷумла, чигунагии тамдиди виза ва иқоматашон, ки имрӯз ба поён расида буд, изҳори беэътилоӣ кард ва гуфтааст, ин масоил ба ширкати "Осмон" рабте надорад.

Масъулони ширкати "Осмон" аз мусофирони тоҷик хостаанд, барои сафар ба кишварашон ҳафтаи оянда муроҷиат намоянд. Мусофирони норозӣ ба сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон низ телефонӣ шикоят кардаанд ва масъулони сафорат ваъдаи пайгирии мушкилоти онҳоро додаанд.

Гуфтанист, аз шаби гузашта бориши барфи ногаҳонӣ ва сангин дар Машҳад шуруъ шуда ва то кунун идома дорад.


Мусофирони тоҷик дар фурудгоҳи шаҳри Машҳад:

Саргардонӣ. Ҳавопаймо натавонист аз Машҳад ба Душанбе биёяд


Саргардонӣ. Ҳавопаймо натавонист аз Машҳад ба Душанбе биёяд


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!