Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:30

“Тоҷик Эйр” боз парвозҳоро ба таъхир гузоштааст

3 апрел 2013, 10:46

Парвози ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Бишкек, ки мебоист, зуҳри имрӯз, 3-юми апрел, тавассути ширкати «Тоҷик-Эйр» анҷом мегирифт, мавқуф гузошта шуд.

Аз ин ширкати давлатӣ ба мусофирон гуфтаанд, ки бо далели мушкили фаннӣ ин парвоз анҷом намегирад. Даврон, як мусофир ба «Озодагон» гуфт, ки «шоми дирӯз ба мо занг зада гуфтанд, парвоз намешавад, билетҳоро оварда супоред ва маблағи супурдаатонро бигиред». Даврон мегӯяд, барои анҷоми коре оҷилан бояд ба пойтахти Қирғизистон мерафт. «Ақкалан як рӯз пештар мегуфтанд, ягон роҳи дигарро фикр мекардем, ҳоло бояд чӣ кор кунем»,-мепурсад номбурда.

Қатъи парвози Душанбе-Бишкек дар ҳолест, ки ба қавли мусофирон тамоми билетҳои ин самт аз қабл пурра фурӯхта шуда буд.

Ин бори аввал нест, ки парвози хатсайри Душанбе-Бишкек аз сӯйи ширкати «Тоҷик-Эйр» мавқуф гузошта мешавад. Дар ҳафтаи сипаришуда низ як чунин парвоз анҷом нашуд. Парвозҳо ба самти Душанбе-Бишкек-Душанбе аз тариқи ширкати «Тоҷик Эйр» аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳафтае ду маротиба-душанбе ва чоршанбе амалӣ мешавад. Як масъули ширкати «Тоҷик-Эйр» ба «Озодагон» гуфт, парвози мавқуфмонда 7-уми апрел анҷом мешавад.

Ин таъхирҳо дар ҳолеянд, ки қаблан дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ нигарониашро аз сатҳи пасти хизматрасонии ширкатҳои ҳавоӣ дар Тоҷикистон баён карда буд. Масъули бахши нақлиёти дастгоҳи иҷроияи президент, зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Вазорати нақлиёт, гуфт, "мавридҳое мешаванд, ки мусофирон рӯзи тамом, ё аз шаб то рӯз мунтазири ҳавопаймо мешаванд. Онҳо на ба хона рафта метавонанду на ба ҷои дигар. Дар бинои фурудгоҳ ва саҳни он соатҳои тӯлонӣ дар ҳавои сард интизор шудан магар ин хизматрасонист? Ин на хизматрасонӣ, балки асабонӣ кардани онҳост."


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!