Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:24

Боздошти мансабдори маориф барои аз худ кардани пули китоб

3 апрел 2013, 11:27

Оҷонсии мубориза бо фасоди вилояти Хатлон Иброҳим Валиев, масъули маорифи шаҳри Кӯлобро боздошт кардааст. Ин ниҳод Валиевро барои аз худ кардани 178 ҳазору 136-сомонӣ пули китоб, ки аз хонандагон ҷамъоварӣ шудааст, муттаҳам мекунад.

Умаралӣ Ясадов, масъули Оҷонсии мубориза бо фасод дар Хатлон ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар шаҳру навоҳии Кӯлоб тайи се моҳи аввали соли равон дар маҷмуъ 7-ҳолати ғайриқонунӣ аз худ намудани маблағҳои давлатӣ ба миқдори беш аз 300 ҳазор сомонӣ ошкор гашта, нисбати ҷинояткорон парвандаҳо бо моддаи 245, бандҳои «а, б, в, г» кушода шуда, 3-парванда ба суд пешниҳод гардидаанд ва аз рӯи 4-парвандаи дигар тафтишот идома дорад.

Дар маҷмӯъ кормандони Оҷонсии мубориза бо фасоди гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб дар семоҳаи аввали имсол 25 ҷинояти марбут ба фасодро ошкор намуда, нисбати шахсони ҷинояткор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!