Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:08

Боздошти донишҷӯён бо иттиҳоми маҷруҳ кардани шаҳрванди афғон дар Душанбе

17 апрел 2013, 13:58

Мақомоти пулиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иттиҳоми маҷруҳ кардани шаҳрванди афғон як гуруҳ донишҷӯёнро боздошт кардааст.

Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, айни ҳол ҳамчун гумонбар дар авбошӣ Наҷмиддинзода Бахтовар соли таваллудаш 1992, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Қурбонов Бахтовар соли таваллудаш 1992 ва ноболиғ Исмоилов Тоҳир соли таваллудаш 1995, донишҷӯи бахши 1-уми Коллеҷи №5, сокинони кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт дастгир шудаанд.

Ба иттилои манбаъ ин нафарон рӯзи 14-уми апрели соли равон, тахминан соати 18:30-дақиқа аз ҳиссиёти авбошӣ шаҳрванди Афғонистон Носири Мирвайс соли таваллудаш 1994, муваққатан сокини кӯчаи А.Дониш, соҳибкорро латту кӯб намуда, бо корд ӯро маҷруҳ кардаанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол шаҳрванди афғон дар бемористон бистарӣ шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!