Бахшҳо

Хомӯшии парлумон дар баҳси Кабирӣ бо шаҳрдории Душанбе

Ҳумайрои БАХТИЁР

Аксари коршиносон мавқеи “бетарафӣ” ихтиёр кардани Маҷлиси Намояндагон дар баробари баҳси шаҳрдорӣ бо Муҳиддин Кабириро бештар ба шахси мухолиф будани ӯ рабт медиҳанд. Зеро масъулони парлумон гуфтаанд, ин қазияи Кабирӣ бо шаҳрдории Душанбе масъалаи ҳуқуқист ва бояд додгоҳ мӯйро аз хамир ҷудо кунад.

Парлумон: Қазияи Кабирӣ бояд баҳои додгоҳӣ бигирад

Қаблан парлумон барои баррасии баҳси додгоҳии Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз Ҳизби наҳзати исломӣ, ва шаҳрдории Душанбе як гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода буд. Аммо масъули ин гурӯҳ Азизмат Имомов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, Маҷлиси Намояндагон расман мавқеъгирӣ накардааст, чун ба гуфтаи ӯ, ин амал берун аз салоҳияти Маҷлиси Намояндагон мебошад.

Мусоҳиби мо афзуд, “дар ин маврид дахлнопазирии вакил ҳеч таъсире дошта наметавонад. Азбаски ин қазияи додгоҳии шаҳрвандӣ аст, мо ҳам ба қароре омадем, ки баҳои ҳуқуқии суханронии Муҳиддин Кабириро додгоҳ муаяйн кунад, на вакилону парлумон.” Ба қавли Имомов, агар баҳси мақомоти шаҳри Душанбе бо Муҳиддин Кабирӣ ҷиноӣ мебуд, парлумон салоҳият дошт, то аз додситонӣ ва ё мақомоти дигар талаб намояд, то далелҳои ҷиноӣ хондани қазияро пешниҳод созад.”

Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари ҲНИТ, мегӯяд, расман ба парлумон ва кумитаҳои дахлдори парлумон муроҷиат карда, дархост намудааст, то парлумон суханронии ӯро омӯхта бигӯяд, мавқеъгирияш то куҷо ғайриқонунӣ буд. “Дар натиҷа гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, дар сӯҳбатҳои дигар аъзои гурӯҳ, яъне парлумон ба ман гуфтанд, ки суханони ман ҳеч мухолифате бо қонун надорад”,- афзуд Кабирӣ.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, баъдан аз кумиссиюни мазкур хоҳиш кардааст, то ҳамин нуқтаи назари худро эълон намояд, вале парлумон бо сабабҳои номаълум ин амалро анҷом надодааст. Аммо мегӯяд Кабирӣ, “ҳангоми баррасии қазия хадамоти матбуотии парлумон кори судмандеро анҷом дод. Онҳо ҳамон суханрониро комилан рӯи варақ оварда, ба додгоҳ пешниҳод карданд.”

Ҳуқуқдон: Парлумон метавонист, ҳадди ақал як изҳорот диҳад

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов, ки аз ин қазия огоҳ аст, мегӯяд, раҳбари ҲНИТ дар суханронии худ дар парлумон ба иззати нафси дигарон нарасида, шаъну эътибори касеро ҳам паст назадааст. Дар ин ҳол, мегӯяд ҳуқуқдони тоҷик, парлумон ба унвони ҳокимияти аввал метавонист дар шакли изҳорот ва ё муроҷиатномаи мардумӣ мавқеи худро равшан намояд.

Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, “хомӯшӣ”-и парлумон ба шахси мухолиф будани ҷониби ҷавобгар рабт дорад. Ба иддаои номбурда, агар ба ҷои Муҳиддин Кабирӣ вакиле аз ҳизби ҳоким қарор медошт, парлумон ҳатман ба воситае мавқеи худро эълон мекард.

Коршинос: Парлумон ҳамоно вакилонро ба “худӣ” ҷудо мекунад

Ин гуфтаҳоро раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдулғанӣ Маҳмадазимов низ ҷонибдорӣ карда, мегӯяд, “мутаассифона, намунаҳои ҷомеаи баъди низоӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ҳамоно мушоҳида мешавад”. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, мақомоти давлатии Тоҷикистон ба мавзӯъҳои умумимиллӣ ҳамчун воҳиди ягона назар намекунанд. Абдулғанӣ Маҳмадазимов аз он изҳори таассуф намуд, ки тақсимоте ба монанди “худӣ” ва “бегона” ҳамоно дар ниҳодҳои давлатӣ сари ҳар қадам ба чашм расида, парлумон ҳамчун воҳиди ягона баромад намекунад.

“Дар парлумон гурӯҳбозиҳо вуҷуд дорад. Гурӯҳу фраксияҳоро дар назар надорам, ин масъалаи дигар аст, ки бояд чунин бошад. 63 вакили парлумони Тоҷикистон аз як гирбеон сар намебароранд. Эҳсос намешавад, ки 63 нафар аз номи 8 миллион аҳолӣ баромад мекунанд”,-мегӯяд ӯ.

Таҳлилгар Абдулғанӣ Маҳмадазимов бар ин назар аст, ки агар қазияе ба ин монанд дар давлати дигар ба вуҷуд меомад, кашмакашиҳои зиёде шуда, парлумони он кишвар ҳатман сару садое баланд мекард, чун вакил ин намояндаи мардумӣ ҳаст. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, ҳоло роҳеро бояд пайдо намуд, то ҳарду ҷониб, вакили парлумон ва ҳукумати шаҳри Душанбе ба созиш бирасанд.

Чанде пештар ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 29-уми январи соли ҷорӣ қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.

Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ далелҳои пешниҳоднамудаи шаҳрдориро беасос хонда гуфта буд: “Вақте навори баромадро бо стенограмма дар Маҷлиси Олӣ баррасӣ намудаанд, ба хулоса омаданд, ки ягон қонунвайронкунӣ нест.”

Маврид ба зикр аст, ки баҳси навбатии додгоҳии қазияи мазкур 23-юми апрел баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
Муалим
Пас Имомов масуниятро дар чи мебинад?

Аз чахолати чунин хукукдонхову вакилону комисюн шармам меояд, ин казияи Кабири мрнанди мохтоб дар шаб маълум аст , Хафтаи чанд ин казияро дар донишгохе ки хорич тахсил мекунам дар миёни доктору донишчуён накл кардам бовар кунед аз гуфтагиям садхо маротиба пушаймон шудам , онхо хандида мегуфтан шумо дар кадом кишвари Демократи зиндагии мекунед ки вакили парлумонро ба суд додаед хамунам боз дар чии масалаеее , нафрин ба шумо ки аз накл кардани низоми демократиамон шарм медорем ки буе аз демократя ба машоми касе намевазал нафрин ба чунин судяхои бесаводу вобастаи ве вичдон охир хали ин парвандаро як донишчу оди метавонад барорад.

САРО
ДАР ЧУНИН ХОЛАТ БОЯД ТАМОМИ МИЛЛАТ САР АЗ ПАРЛУМОН........ ШАРМ ДОШТА ГУЛОМИ МИРИ ШАХРИ ДУШАНБЕИ БЕГАЗУ ОБИ ГАРМ ШАВЕД

Шодибек Ахмедов
албатта аз Убайдуллоев хама депутато талхакаф шудагиян

Аслам
Ин парлумони мо бояд бархам дода шавад, зеро коре аз дасташон намеояд ва кореро, ки инхо бояд анчом диханд худи хукумат анчом дода истодааст яъне конунхо бе ичозати президент ва хукумат кабул намешаванд, агар чунин аст пас парлумон ба ки лозим? Факат пули мардум ва маоши зиёдати ба ин депутатхо дода мешавад. Бехтар аст хамаашон ба нафака рафта хонашин шаванд. Бо ин коре шуда истодааст, хам Точикистон шарманда шуд ва хам миллат. Шояд дар назари мо чизи калон нанамояд, аммо рейтинги кишвар ва миллат ва обруи давлатдори мо ба поёнтарин сатхи худ дар таърих расидааст, ки сабабаш ана хамин корхо аст. Аз номи миллат конун мебарорад як нафар, аз номи миллат гап мезанад як нафар ва... аммо миллат дар кабули конунхо на накш дораду на таъсир.

Безор шудем аз бахси хамин ду кас.Дар Точикистон дигар проблемахо нестанд,магар?.Ин чи хели миригарист.Дар даврахои хукмронии ман,касе чинору дарахт мешинонд,чомаи амири мепушид.касе,ки барои чиноркани ба Амир эрод мегирифт,ба зиндон чо мешуд.Ин чинорхо аз хамон солхои фироршавии ман ба Бухорои Шарки боки монда буданд.Кабири,яку якбора эколог шуд.Муроди шогирди ман Убайдуллоюф ин аст,ки дарахтхои нав шинонад,будаст.Аз бахси дарахтхо,ба масъалахои ободкунии роххои охану наклиёт гузаред,хуб аст.О ба ёди ман хам.аккаллан як кучаро номи Амир Олимхон гузоред!Чи хели точик хастед шумо?

Бино ба маълумоте, ки дорам, Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ҳангоми баррасии Қонун “Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера” изҳори нигаронӣ карда буд, ки “... баъди 10 сол як Душанбеи “урён”, бидуни гулгашту ҷойи сайругаштро мерос хоҳем монд. Ё паркҳоро месозем, панҷарапеч мекунем ва бояд бо пардохти пул вориди он шавед. Ин чӣ гап аст?”
Мӯҳтарам вакилони халқ ва алалхусус, вакилоне, ки ҳуқуқдон ҳастед, хоҳиш дорам, андаке виҷдонатонро таҳрик диҳед, ба қадру қимат, ҳайсияту обрӯ ва номусу нанг барин арзишҳои умумибашарӣ арҷ гузоред!
Дар моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 6 августи соли 2001 чунин мазмун омадааст, ки “фикру мулоҳизаҳое, ки ва-кили Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияташ дар иҷлосияҳо ва ҷаласаҳо баён кардааст, аз тарафи Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои он баррасӣ карда мешаванд ё ин ки барои баррасӣ ба мақомоти дахлдори давлатию ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор фиристода мешаванд. Мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин шахсони мансабдор, ки таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳои дар иҷлосияҳою ҷаласаҳо пешниҳодкардаи вакилон ба онҳо равона карда шудаанд, вазифадоранд ин пешниҳодҳоро дар муддати як моҳ дида бароянд ва аз натиҷааш бевосита ба вакили Маҷлиси намояндагон, инчу¬нин ба Маҷлиси намояндагон хабар диҳанд. Назорати баррасӣ ва амалӣ намудани таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳои вакили Маҷлиси намояндагон аз тарафи кумитаҳо, комиссияҳо, Шӯрои Маҷлиси намояндагон сурат мегирад.”
Хулласи калом, Муҳиддин Кабирӣ танҳо дар маврди лозимӣ ақидаи хешро ҳамчун вакил иброз доштааст. Маҷлиси намояндагон бошад, таклиф ва фикру мулоҳизаи пешниҳодшударо барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор нафиристодааст. Он мақомот бошад, ба ҷои он, ки масъаларо баррасӣ намуда, баҳри ислоҳи кор чораандешӣ кунад, вакили Маҷлиси намояндагонро ба суд додааст. Ин аҷиб аст, хеле аҷ-и-и-и-и-иб. Ва аҷоибтар аз он чизи дигар аст, ки бепарвоёна бигӯем, ки “ин қазияи додгоҳии шаҳрвандӣ аст ва баҳои ҳуқуқии суханронии Муҳиддин Кабириро додгоҳ муайян кунад, на вакилону парлумон.”

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)