Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:16

Маслиҳати як мақоми афғон барои раҳоии Душанбе аз "чанг"-и Тошканд

25 апрел 2013, 12:58

Довуди Муродиён, раиси Маркази мутолеоти стратегии Афғонистон, аз тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки солҳо боз сохтмонаш ба мушкил печидааст, ҳимоят кард. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар сурати бунёди Роғун Кобул метавонад барои бароварда сохтани ниёзмандиҳояш барқи бештареро аз Тоҷикистони ҳамсояаш бихарад.

Оқои Муродиён, ки бо як сафари корӣ ба Душанбе омадааст, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, мушкилоте, ки Узбакистон барои Роғун эҷод кардааст, мисли монеагузориҳои Покистон барои Кобул аст, ки роҳи ҳал дорад. “Ва ин ҳам пайдо кардани дӯстони муштарак барои Тоҷикистону Афғонистон аст”,-афзуд ӯ.

Ба бовари раиси Маркази мутолеоти стратегии Афғонистон, дар ҳоли ҳозир Эрону Амрико ва Ҳиндустон метавонанд дӯстони муштараки хубе ҳам барои Душанбе ва ҳам барои Кобул бошанд.

Довуди Муродиён гуфт, дар ҳар сурат ҷониби Афғонистон ҳамеша аз мавқеи Тоҷикистон дар чунин баҳсҳо ҳимоят кардааст ва мекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, “мо ба ҳайси ду бародар манфиати муштарак дорем. Ҳар қадами неке, ки мо боло мекунем, ҳам ба манфиати мардуми тоҷик асту ҳам мардуми афғон. Мо дар суҳбатҳое, ки бо мақомоти Ҳиндустону Амрико доштем, гуфтем, ҳар хубие, ки Шумо мехоҳед, бо мо дошта бошед, бояд он бо тоҷикҳо низ тақсим шавад.”

Ҳимояти ин мақоми афғон аз тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар ҳолест, ки ҳанӯз натиҷаи пажуҳиши фанниву иқтисодӣ ва экологии ин тарҳ аз сӯи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ муаррифӣ нашуда ва маълум нест, оё онҳо барои сохтмони ин нерӯгоҳ мувофиқат хоҳанд кард, ё не. Тоҷикистон дар пайи мухолифатҳои шадиди Узбакистон маҷбур шуд, пажуҳиши ин тарҳро ба дӯши коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ вогузорад, то аз ин тариқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бифаҳмонад, ки ин нерӯгоҳ барои минтақа зиёне нахоҳад дошт.

Дар ҳоле ки Узбакистон иддао дорад, сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо садди 335-метрӣ метавонад заминҳои кишти ин кишварро ба харобазор табдил дода, Тоҷикистонро ба мироби минтақа табдил хоҳад дод.

Сӯҳбати комили Довуди Муродиён дар торнамои “Озодагон” ба зудӣ нашр мешавад


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!