Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:30

Хабарнигорони тоҷик аз ёрии Сорос дар рӯзи 3 май даст кашиданд

25 апрел 2013, 16:59

Чорабинии созмонҳои хабарнигорӣ бахшида ба рӯзи озодии баён дар рӯзи 3-юми май бидуни ёрии молии Институти “Ҷамъияти кушода” ё Бунёди Сорос баргузор хоҳад гашт.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон тасмим гирифта шудааст, то чорабинии мазкур бо пулу кумаки созмонҳои маҳаллӣ баргузор шавад. Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, мегӯяд, аз сабаби норасоии фурсат барои баррасии лоиҳаи Бунёди Сорос, тасмим гирифта шуд, то харҷи қисме аз чорабиниро САҲА ва боқимондаи дигарро созмонҳои хабарнигории мустақил пардохт намоянд.

“Иҷораи бино, таъмини иштирокдорони чорабинӣ бо қаламу варақ, чою қаҳва бар ӯҳдаи САҲА буда, шарикони дигари лоиҳаи мазкур пардохти харҷи дигарро бар уҳдаи худ гирифтанд”,-афзуд ӯ.

Қарор буд чорабинии имсола бахшида ба рӯзи озодии баён бо ҳимояти молии Институти “Ҷамъияти кушода” ё Бунёди Сорос баргузор гардад. Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, намояндаи ин созмон дар Тоҷикистон “барои баргузории чорабинӣ дархосту эроди зиёде гирифт, ки мо имкони баррасии онро надоштем. Ҳамзамон на ҳама аъзои Шӯрои ВАО бо он эроду дархост мувофиқ буданд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Солиёни пеш чун вараки тозае дар охир бо нишони хачми маблаги зарури ба донор пешниход мешуд, он зуд дастгири меёфт. Сабаб он буд, ки сохибони «халтахои пул» хузури худро дар ин чо равои мечустанд. Ин дам бошад замона дигар гашт ва онхо ба химоятгарони таги он халтахо мубаддал гаштаанд. Аз ин ру аз худ намонед, чанобон…

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!