Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:01

Қаюмзод шарти Озодиро напазируфт ва ба додгоҳ муроҷиат мекунад

26 апрел 2013, 11:31

Абдулқаюми Қаюмзод, хабарнигори шинохтаи тоҷик, шарти Радиои Озодӣ барои “қатъи оромонаи фаъолияташро” напазируфта, мегӯяд, барои нақзи ҳуқуқаш ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард.

Оқои Қаюмзод дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзи 22-юми апрели соли ҷорӣ вакили мудофеи Радиои Озодӣ ва Аббоси Ҷаводӣ, муовини мудири пахши барномаҳои ин радио, ӯро таҳти фишор қарор додаанд, ки ё пули шашмоҳаашро бигираду ба кораш хотима бахшад ва ё қарордодаш ба таври якҷониба қатъ хоҳад шуд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи хабарнигори тоҷик, ӯ талош дошт, ҷои кораш дар Радиои Озодӣ ҳифз кардаву ба фаъолияташ идома бахшад.

“Ба онҳо гуфтам, ки мехоҳам дар ин бора бо президенти Радиои Озодӣ сӯҳбат бикунам ё бо вакили мудофеям ин масъаларо баррасӣ намоям. Вале онҳо ба ман фурсат надода, гуфтанд, ки аз идора берун нарафта яке аз ин шартҳоро интихоб намоям”,-мегӯяд Қаюмзод. Дар охир ин хабарнигори шинохтаи тоҷик шартҳои Радиои Озодиро напазируфта, аз кумакпулии ин радио низ даст кашидааст ва мехоҳад ин баҳсро ба додгоҳ барад.

Аммо Хуршед Андамов, мудири дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душнабе, дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо “Озодагон” гуфт, қарордоди кории Абдулқаюми Қаюмзод яктарафа қатъ нашудааст. Вале ба далели камии фурсат онро шарҳ надодаву ба вақти дигар гузошт.

Абдулқаюми Қаюмзод аз соли 2001 то моҳи декбари соли гузашта ба Радиои Озодӣ гузориш медод. Аммо дар моҳи декабри соли гузашта Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ӯро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Чаноби Каюмзод барори кор мехохам. Инчунин СНН, ФОРС, РЕЙТЕРС, ... ба хизмати Шумо ниёз доранд.
Посух додан
  • Иброхим

  • 26 апрел 2013 11:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МЕКУШАНД ТО АЗ КАЮМЗОД РУЗНОМАНИГОРИ КИССАГИ БИСОЗАНД, ВАЛЕ ХОБАТОНРО БА ОБ БИГУЕД РУЗНОМАНИГОРОНИ ДАРБОРИ...
Посух додан
  • rustam

  • 26 апрел 2013 14:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
маълум аст, аз маоши калоне,ки озоди ба ӯ медиҳад даст кашиданӣ нест
Посух додан
  • ИКРОМЧОН

  • 26 апрел 2013 14:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
РАДИОИ ОЗОДИ АЗ ХАБАРНИГОРИ ХУД ДИФОЪ КАРДА НАТАВОНИСТ БОЗ ШАРМ НАКАРДА БА У ФИШОР МЕОРАНД.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!