Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Волидони Саъдӣ аз президент муҷозоти қотили “пуштдор”-и фарзандашонро талаб доранд

7 май 2013, 17:34

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Волидони Саъдӣ Сатторови 25-сола, ки шаби 28-уми апрели соли равон дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”, дар маркази шаҳри Душанбе аз зарби корд ба ҳалокат расида буд, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш доранд, ки тафтишоти қазияро зери назорати худ бигирад. Волидони ин ҷавони марҳум аз он нигаронанд, ки гӯиё қотили эҳтимолии фарзандашон аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон аст ва дар гузашта низ аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷиноятҳои вазнин халос шудааст.

Волидони Саъдӣ мегӯянд аз марги фарзандашон 8 рӯз сипарӣ шудааст, вале то ҳол ягон намояндаи мақомот аз дарашон надаромадааст.

Саид Сатторов, падари Саъдии марҳум, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ҳамон шаб раҳматиро ба тарабхонаи “Шаҳрисабз” ба зодрӯзи як рафиқашон даъват намудаанд. Аз нақли нафароне, ки навори видеоии тарабхонаро тамошо кардаанд фаҳмидем, ки вақте як гуруҳ ҷавонон ҷанҷол мекунанд, писари ман онҳоро халос мекунад ва ҳамин вақт ду нафар аз дастонаш медоранду як нафари дигар аз таги китфаш ба дили ӯ кордча мезанад. Кормандони мақомот низ ҳамин навори видеоиро дидаанд ва дар даст доранд. Агар мақомот хоҳанд, ки ингуна қотилонро ба зудӣ дастгир мекунанд, зеро навори видеоиро дар даст доранд ва нафарони зиёде низ шоҳиди ҳодиса шудаанд.”

Падари Саъдӣ мегӯяд вақте хабари марги фарзандаш ба онҳо расидааст ва барои гирифтани ҷасади ӯ ба беморхонаи “Қарияи боло” рафтаанд: “Ҷасади фарзандамонро ба зудӣ ба мо надоданд. Аз ҳамон ҷо чанд рафиқи писарамонро бурда пурсуҷӯ кардаанд. Рафиқони писарамон мегӯянд, моро таҳдид карда гуфтанд, ки шумо бигӯед шабе, ки ҳамин ҳодиса рух дод дар дасти Саъдӣ писталет буд. Қотил аз таги дасташон гурехта мераваду мақомот нафарони бегуноҳро бурда, таҳдид карда, “ба даҳони онҳо гап мемонанд.” Мо ҳайрон мешавем, ки чаро мақомот нафаронеро бурда пурсуҷӯ кардаанд, ки аслан аз ин воқеа хабар надоштаанду ва дар ҷойи ҳодиса низ ҳузур надоштанд. Агар ҳадафи онҳо қотилро пайдо кардан мебуд, бояд рафта рафиқону наздикони қотилро мепурсиданд на рафиқони кушташударо.”

Замира Сатторова,
модари Саъдӣ Сатторов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “бисёр аламовар аст, вақте фарзандатро дар пеши чашмонат мекушанд. Чанд соли ахир аст, ки ҷасади бисёре аз фарзандони тоҷикро аз Русия меоранд, аммо имрӯз фарзандонамонро дар пеши чашмамон мекушанду боз ҷасадашро ба осонӣ намедиҳанд. Вақте барои гирифтани ҷасади Саъдӣ рафтем фарзанди дигариямро дар як кунҷ шинонда пурсупос карда истодаанд. Ҳол он, ки ин писари дигариям ҳамон шаб аз хона набаромада буд. Чанд рафиқи дигарашро низ бурда пурсуҷӯ кардаанд.”

Холаи Замира мегӯяд, дар Тоҷикистон модароне, ки пораи ҷигарашонро аз даст додаанд, кам нестанд: “Бояд, ки ҳукуматдорони мо нисбати ин ҳодиса ҷиддӣ муносибат намуда, пеши роҳи ин гуна ҷавонони қотилу кордчазанро гиранд. То ин ки дар оянда хуни ягон ҷавонмарди дигарро нарезанд. Кӣ ба ӯ ҳақ додааст, ки як нафари бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум созад. Писари ман то ба имрӯз ба касе бадӣ накарда буд”.

Падари Саъдӣ мегӯяд, ман аз президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон хоҳиши онро дорам, ки ба мақомот супориши махсус диҳад, ки дар наздиктарин фурсат қотили писари моро дарёфт кунанд ва дар асоси қонун барои ҷиноятҳои содирнамудааш ҷазо бидиҳанд: “Агар имрӯз ӯро дастгир карда ҷазо надиҳанд фардо риштаи ҳайёти дигареро канда мекунад. Бигузор падару модари ҳамин қотилро низ бо ҳамин фарзанди тарбиянамудаашон ба ҷавобгарӣ кашанд, то ин ки ба волидони дигар намунаи ибрат шавад. Чаро як маротиба аз тариқи шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ чеҳраи ин гуна қотилон нишон дода намешавад. Мо аз президент хоҳиш мекунем, ки дастур диҳад то ки қотили писарамонро дасгир намуда ба ҷавобгарӣ кашанд.”

Волидайни Саъдӣ мегӯянд сарусадоҳои зиёдеро дар мавриди қотили эҳтимолии фарзандашон мешунаванд, ки гӯиё аз оилаҳои бонуфуз асту аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷиноятҳои қаблӣ низ халос шудааст. “Гуё падари қотили фарзандамон бо як мақоми давлатӣ ҳамкории зич доштааст ва фарзандаш ҳар коре, ки мехостааст мекардаст, вале мақомот нисбати ӯ ягон чораи ҷиддӣ намедидаанд. Ӯ пеш аз ин чанд нафари дигарро низ кордча задааст. Мо шунидем, ки ин одам се шиноснома ва ҳамчунин шаҳрвандии Афғонистонро низ доштааст. Мегӯянд ба хотире, ки мақомот ба ӯ барои ҷиноятҳои вазнинаш ҷазои сабуктар диҳад ба ӯ аз девонахона ҳуҷҷати махсус тайёр намуда будаанд. Ҳар рӯз як овозаи нав ба мо мерасад, бовар мекунед инҳоро шунида девона мешавем. Мегӯянд қотили фарзандамон худи ҳамон шаб ба Қирғизистон фирор кардааст. Мо ҳайрон мешавем, ки чигуна як қотил аз таги дасти мақомот фирор мекунаду, онҳо бехабар мемонанд. Мудоме, ки 8 рӯз гузаштааст, ҳанӯз ба мо хабар нарасидааст, ки мақомот қотилро дастгир кардаанд.” -мегӯяд падари Саъдӣ.

Дар ҳамин ҳол Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, айни ҳол бо иттиҳоми куштори Саъдӣ Сатторов чанд гумонбар боздошт шудаанд. Вале Асадуллоев ба хотири халал нарасондан ба раванди тафтишот аз ифшои номи боздоштшудагон худдорӣ карда, ваъда дод, ки рӯзҳои наздик тариқи хабаргузории “Озодагон” ҷузъиёти ин қазияро шарҳ хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки шаби 28-уми апрели соли равон дар тарабхонаи «Шаҳрисабз»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ як нафар кушта шуда, як нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Ба иттилои мақомот муноқиша байни 4 сокини пойтахт рух додааст ва як нафари онҳо бо истифода аз корд ду нафарро маҷруҳ мекунад, ки дар натиҷа 1 нафари онҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва дигарӣ бо ҷароҳати вазнин дар бемористон бистарӣ мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сабри чамил хохонам аз худо ба ин мотамзада лекин дар бораи ун тегзан ба гуфте шунидаем ки у кадомеро мекушад озод мегардад фарзандони мо аз у ном мебаранд лекин ба фарзандон мегуям агар уро хукумат чазо натияд иншоолох худованд уро чазо медихад хокашу номаш нест бод омин
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хел вока бори аввал нест.... ва хамавакт дар ин холатхо чунин лошахурон голиб мебароянд. вале аз ин гуна манзарахои мудхиш касеро парвое нест на макомотхои махсус алайхи чиноятхои мудхиш, на призиденти мухтарамро...... то кай ин гуна хакикатхои талх паси парда мемонда бошанд??????????????????????????????????????????????
Посух додан
  • Сагера аз интернат

  • 8 май 2013 16:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо рахмат кунад писари ин мардро. Ба ШУмо сабри чамил хохонам! Ягон чиноят бе чазо намемонад. Ман аз тамоми кормандони ВКД хохиш мекунам нисбати ин гуна амалхо бе тараф набошед. Чора бинед котилонро дасгир карда чазо дихед. Бо ягон бегунора надорен! Дар хамон видео хастанд.
Посух додан
  • Рохгузар

  • 8 май 2013 17:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо рахматаш кунаду лекин мегуянд мактул худаш як тегзани хунхору бетарбия будааст. Инро аз бачахои махалашон шунидем. Падару модараш бояд тарбияи хуб мекарданд. Имруз гиря фоида надорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ay I dunyo megreza neki u dunyosha XUDO medona ki ay jahannam mebroya yo ne, baroi ki i vadai XUDO hast ki qotil to abad duzajist ira boyad fikr mekad qotile ki xdsha maladess megirad
Посух додан
  • tttt

  • 9 май 2013 23:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ai kjo faxmidi I gapa tarbiyai u dosht ty medoshti agar ixel namenavishti
Посух додан
  • Haqiqat

  • 28 май 2013 21:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд чояшро чаннат гардонад,ба Волидайнашон сабри чамилро хохонам.Ин ходисаи матхушро ба ягон Падару-модар Худованд нишон надихад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!