Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 23 март 2019, 23:27

Раҳмон ба Маҳмадамин Бозичаевич мансаби нав дод

21 январ 2014, 15:50

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 21-уми январ бо судури як фармон Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевичро намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъин кард.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд.

Маҳмадаминов Маҳмадамин то охири соли 2013 вазифаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ дар симмати намояндаи Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Асловро иваз намуд, ки ахиран бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон вазири умури хориҷӣ таъин гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Бесавод

  • 23 январ 2014 10:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хо бародарон шумо як чизро аз хаёл баровардед ё фаромуш кардед? Дар Точикистон хамаашро хамёни пур аз доллар хал мекунад, пул ки дошта боши хама гуна вазифаро харида метавони ,гарчанде,ки савод хам надошта боши. Барои хамин дар хайрат намонед, хозир давраи мо бесаводон аст.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!