Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 23 март 2019, 07:11

Тоҷири “мевафурӯш” алайҳи ҲНИТ садо баланд кард

9 август 2013, 12:30

Фариддуни Исматулло, як тоҷири мевафурӯш аз деҳаи Роғи ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ, ки мегӯяд, то соли 2007-ум узви ҲНИТ будааст, ахиран бо ирсоли як нома ба хабаргузории “Озодагон” дар бораи фаъолияти ҲНИТ дар Ванҷ ва дар маҷмуъ Бадахшон ибрози назар кардааст ва хабаргузорӣ ба хотири гуногунандешӣ ин номаро бетағйир пешкаши хонандагонаш мекунад:

Банда, ҳар рӯз нисфирӯз вориди сомонаҳои хабаргузорӣ мешавам, зеро дар вақтҳои дигар ба хариду фуруши сабзавоту мева машғул буда, вақти холии мувофиқ надорам. Имрӯз чун ҳаррӯза ба сомонаи хабаргузории Оздагон ворид шудам, назарам ба изҳороти Раҳмонов Завқибек, раиси Шӯъбаи ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ ва Броимшоева Муслима- иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲНИТ дар Бадахшон афтод, ки онҳо изҳороти масъули ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ, Асрор Булбулловро маҳкум намудаанд.

Бо далелҳои нокифоя ва бо калимаҳои «шояд ва гумонам» мақомотҳои давлатиро муттаҳам намуда, ибораи ҷаноби Булбулов, ки узвияти 3 ҳазор дар ҲНИТ аз Бадахшонро дуруғ гуфт, инкор намуда, хонандаро ба гумроҳӣ роҳнамоӣ менамояд.

Бо далелҳои зерин факту рақамҳои ҷаноби Булбуловро дастгирӣ менамоям ва ҷонибдори онам, ки калимаи Ислом аз ҲНИТ бардошта шуда, фаъолияти ин ҳизб барои надоштани аъзои воқеӣ дар Бадахшон баста шавад. Дар ноҳияи Ванҷ ташкилотҳои ибтидоии ҲНИТ бо ном вуҷуд дошта, фаъолияти воқеӣ наменамоянд.Дар шаш ҷамоати деҳоти ноҳия узвҳо ва ҷонибдорони ҲНИТ танҳо дар баъзе чорабиниҳои сиёсӣ фаъол мешаванд. Бо истифода аз эҳсосоти бархе аз ҷавонони бехабар дар маъракаи интихобот бо калимаи ислом ҷавононро ҷалб намуда, дар сурати хат кашидан ба калимаи ислом гунаҳгор мешаванд. Аз 320 аъзо доштани ҲНИТ дар Ванҷ бӯи шубҳа меояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар бахши ҲНИТ-и ноҳия танҳо 3 нафар кор менамоянд.

Агар воқеан, бахши ҲНИТ дар ноҳия фаъол бошад, 10 нафар ҳадди ақал дар утоқи кории онҳо дида мешавад. Бо итминон метавон гуфт, ки аъзоёни ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ кайҳо бо ҷорӣ шудани низоми қонун аз сафи ҳизб хориҷ шуданд. Омори қайднамудаи Раҳмонов З. аз ҷониби масъулини ҲНИТ аз ҷумла доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ, супоридани ҳаққи аъзогӣ мавриди санҷиш қарор гирад, ба рӯё монанд мебошад. Шиори онҳо истифодаи номи «Ислом» ба манофеи ҲНИТ аллакай дар байни мардум эътимод надорад. Аслан, аъзоёни ҲНИТ бо аҳли зиё иртибот надошта, инро худи онҳо низ эътироф менамоянд, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба сари омӯзгорон, табибон, аҳли фарҳанг фишор оварда, онҳоро аз арҷ гузоштани сунатҳои миллӣ манъ менамуданд. Аъзоёни бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ, бо истифода аз ҳамагӣ 3 нафар буда, дониши кофии дунявӣ ва динӣ надоранд.

Ҳамчунин аз рӯи мушоҳидаҳо дар шаҳри Хоруғ, ки ба фурӯши маҳсулоти сабзавоту меваҷот машғул мебошам, ҳеҷ вақт номи ҲНИТ-ро нашунидам ва ба аъзоёни онҳо вонахӯрдам, зеро дар шаҳри Хоруғ урфу одати мардум дигар мебошад. Масъулини ҲНИТ дар Бадахшон воқеаҳои шаҳри Хоруғро ба манофеи худ истифода бурда, ном бароварданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фариди Исматуллои ту Исмати Фариди ту хар касе хасти сепораву амрутпорафуруши карда гарди намешавад? Ё барои 250 сомонии маошат ин кадар чон мекани? Хакикатро ба доман пушида намешавад. ХНИТ бо шаходатнома ва мучаввизи вазорати адлия баробар бо ХХДТ-и ту кор мекунад. Дар кору фаъолияти он ту ва ту баринхо хукуки дахолат карданро надоред, фомиди?
Ба ту расида бод, ки узви ХНИТ-у ХХДТ-ву ХАТ-у ХДТ нестам. Як бехизбиам ва чонибдор аз як чомеъаи демократи.
Бо салом Рузбех аз шахри Харкови Украина
Посух додан
  • Tojik

  • 9 август 2013 21:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КИРМОНШОХ,
ey neki gzarondi magar vanjho az osmon topast karda aftidan va farishtaan in khislathoe ki gufti farishtaho ham dar khud nameyoband(nauzubilloh) kay in maghzi misli sanghoi vanj sakhtu yakhbastaatro ob mekuni va millati sharifi TOJIKro ba vanju darvozu gharmu vakhyo va... taksim nakuni hamai mardumi tojik sharifand va shoiru sheerparvar va mehmonnavoz magar Rudaki vanji bud magar Nosiri KHusrav vanji bud magar Loiku Bozoru Gulrukhsoru ... vanji budand
iltimos dar haddi yak insoni okil kamentariya mone!!!!!!!!!!!! az khondani hamikheli gapoi tafrikaandozu fitnagari asabi inson vayron mesha temai shumo Nahzat bosha ba masalahoi kavmu mahal chikor red Nahzata barrasi kuned yo dar 30 foiza yagonchit narasid ba khudat yo otat ki ita dilut puray az Nahzat ?!
Посух додан
  • Alisher

  • 9 август 2013 21:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КИРМОНШОХ,
КИРМОНШОХ,
tavajjuh kuned 3 komentariya az 1 kas ast inkadar besavodand ki nametonand vakte bo chand nom navisand jumlabandishona digar knan!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Язгуломи

  • 9 август 2013 22:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Рахмат аз ш.Москва хитоб карда мегуям, ки ту хукуки маънави надори халки точикро бесавод бигуи!!! Ту бо ин сухани аблахонаат ба тахкири миллати сарбаланди точик пардохтаи! Худатро "олим" тасаввур макун, зеро дар як матне, ки иборат аз се чумлаи мураккаб аст, зиёда аз хафт хато кардаи. Аввал гиребони худ бибуй! Инак, хатохои ту, донои дар даруни нохунак:
1.фаитнандоз(шакли дурусташ: фитнаандоз ) ,
2.бе савод(бесавод) ,
3.хамай(хамаи) ,
4.но матлуб(номатлуб) ,
5.гапхояшон ро(гапхояшонро),
6.но пок(нопок),
гуш надихенд(гуш надихЕД),
7.мардум ро(мардумро).
Хулоса, ки ХАТ FАЛАТ, ИМЛО FАЛАТ, ИМЗО FАЛАТ.
Синои бузург туро мухотаб карор дода, мегуяд:
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз чахл, ки донои чахон ононанд...
Посух додан
  • КАРИМ

  • 10 август 2013 02:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон ман аьзои ягон хизб нестам,лекин хайронам ин давлатдорон як душмани хизби нахзатро ефта чунон реклама мекунад ки ое намедонанд ки мардуми зиед аз хизби хокиму хукуматдорон безоранд.Дар ин муддати 20-сол хеч пешравие нест,факат гами киса ва тухмати хизбхову саркуби сохибкорон.мондаги мардума ба россия пеш кардед.Ягона пешрави-сафи лагандбардорону косалесонро зиед кардед.
Посух додан
  • vanj

  • 10 август 2013 03:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ahli xanj az in hizbihoi fitnadozu vatanfurush durshaved ki akhmak meshen mislashon dar dunyo ham dar okhirat

hizbi nahzat az nomi vanj istifoda burdestai toki akhmkshavan tavildara va digar joiho khalos karda shud

hakikat nadorad gapat baadi baromadi bulbulov odamon ziyod meshavan dar hizb odamon dar khorukg hizbro medonan hejvakt aazo nameshavan iltimos tuhmat nakunen mardumi bolora
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То ин андоза тафакури кунду торикро эхсос накардам.ХНИТ хизб аст.Ба касе барои исломи шудан фишор наовардааст.Агар касе ба ман далел биёрад,ки ХНИТ дар 40 сол ин кадар масехиятро мусулмон кардасту нияти бунёди давлати исломи дорад,якумр гуломи у хохам шуд.Хизб мутталик ба гурухи одамоне мебошад,ки як акида ва як барномаи амл доранд.Бо ибораи дигар узвият ва эътироф Оиномаи хиз ихтиёрист.Хол Алхамдулолох Валаби Комрон барои тачовуз дар махбас аст.Пас у шиносномашро дигар карда номи Алхамдулолохро кур кунад.махз бо шарофати ин ХНИТ мо даричаи ба олами ИСлом дорем.Шайхи шикамгафси танбал ба ХНИТ хавас мекунад.Ман аъзои хизби Коммунист хастам.Вале стратегияи набард,афкори сиёси ва дурандешии Кабири бароям нуктаи тавачух ва хуни эхтиром аст.
Посух додан
  • Чаноби Оли

  • 10 август 2013 11:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як чахон ташаккур

Як чахон ташаккур

Як чахон ташаккур

Як чахон ташаккур
Посух додан
  • Dangara

  • 10 август 2013 13:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АСЛАН МАН НАМЕДОНАМ, КИ РУЗХОИ ОХИР БАРОИ ЧИ ХНИТ ТАХТИ ТАХКИРИ ДАВЛАТУ ОММА КАРОР ГИРИФТААСТ, Ё САБАБАШ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ БОШАД. АГАР БАРОИ ИНТИХОБОТ БОШАД ПАС БОЯД ДОНЕМ, КИ ИН ПРОПАГАНДАИ ДАВЛАТИ ТОЧИКИСТОН АСТ, КИ МЕХОХАНД ХНИТ-РО ДАР ТОЧИКИСТОН БА МОНАНДИ ЗАЙД САИДОВ КУНАД.... ВА АФСУС, КИ ХАЛКИ МО БЕ ТАХАМУЛ ФИКРИ ХУДРО МЕНАВИСАД ВА ИН ТУХМАТХОЕ, КИ ТАРАФДОРОНИ ХХДТ БА ХНИТ МЕКУНАНД БОВАР МЕКУНЕМ.... МО БОЯД ЧАШМОНАМОНРО КУШОЕМ ВА БУБИНЕМ, КИ ТУЛИ БИСТ СОЛ ТОЧИКИСТОНРО КИ ИДОРА КАРДА ИСТОДААСТ, ХНИТ Ё ХХДТ....
МО ЧАРО БОВАР КУНЕМ, КИ ХНИТ ЧИ КАДАР ТАРАФДОР ДОРАД Ё НАДОРАД МАХСУС БАРОИ МАН ФАРК НАДОРАД БИГУЗОР ЯК ТАРАФДОР ДОШТА БОШАД..!?
Ё ХИЗБИ ХХДТ МЕХОХАД ОН МАБЛАГ ДУЗДИЮ КИСМИ ВАТАНРО БО ХИТОЙ ФУРУШИЕ КАРДАНД ДАР ГАРДАНИ ХНИТ БИГЗОРАНД..... МАН АСЛАН ТАРАФДОРИ ХНИТ НЕСТАМ ЛЕКИН МЕХОХАМ, КИ ХИЗБИ ХХДТ ТАМОМАН АЗ БАЙН ЧУНОН РАВАД, КИ ХАТТО НОМУ НИШОНАШ НАМОНАД....

Танзали,
АСЛАН МАН НАМЕДОНАМ, КИ ТУРО БАРОДАР ГУЯМ Ё ХОХАР..... БАЪД ГУФТАНИЯМ, КИ ХАЛКЕ, КИ АЗ ХИЗБИ ХНИТ ЯГОН ЗИЁН НАДИДААНД ТАЪЧИБИ ЧАРО ЧУНИН ДУШМАНИ МЕКУНАНД НАМЕДОНАМ..
.... ЧИ МАГАР БИСТ СОЛ ХИЗБИ ХНИТ ТОЧИКИСТОНРО РОХБАРИ КАРД..?!
.....ЧИ ЗАМИНХОИ ПОМИРРО БО ХИТОЙ ХАМИН ХИЗБИ ХНИТ ФУРУХТ..?!
.... ЧИ ТОЧИКИСТОНРО ЧАНДИН МИЛЛИАРД ДОЛАР ХИЗБИ ХНИТ КАРЗИДОР КАРД..?!
.... ЧИ ЗИЁДА АЗ 2200000 ТОЧИКРО БА РУСИЯ ХИЗБИ ХНИТ РАВОНА СОХТ.!?
.... ЧИ МАГАР КУРИ ВА НАМЕБИНИ, КИ КОНУН ШИКАНИ КИ? КАРДА ИСТОЛААСТ ХИЗБИ ХХДТ Ё ХИЗБИ ХНИТ....?
..... Ё ТУРО ХАМ ПРЕЗИДЕНТ "АЙПАД" - И КИТАЙСКИЙ ТУХФА КАРДААСТ АЗ КИСАИ КАДОМ ТОЧИРЕ..?
МАН ТАРАФДОРИ ЯГОН ХИЗБ НЕСТАМ ЛЕКИН НАМЕХОХАМ, КИ ХИЗБЕ, КИ ТОЧИКИСТОНРО ГАДО КАРДААСТ ОНРО КАСЕ ТАРАФДОРИ КУНАД...
Посух додан
  • панчшанбе

  • 10 август 2013 13:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародар тура чиву дар браи ХНИТ гап зажанат чи, рав хамон мева фурушиятро кун ки боз омада налогата баланд набардоранд ки аз сарат монад хамон мева фурушият, ту худут мегуии, номи ХНИТ ро хеч нашунидаи зиёда аз 17 маротиба номи ХНИТ ро зикр намудаи дар ин номаи кутохат, хамин худ басанда аст, ки ба нашуниданат кариб 20 бор зикр кардаи нми Мубораки ХНИТ РО агар номи ХНИТ ро мешуниди ба фикрам 1000 бор зикраш менамуди, туро садкаи нлми ИСЛОМ кунад ту аслан на танхо аз номи ХНИТ Исломро мехохи бардоштан умуман намехохи исломро,,,,,,,
Посух додан
  • СУЛТОН

  • 10 август 2013 20:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА ХАМАИ ШУМО МЕГУЯМ КИ ШУКРОНАИ РАХМОН КУНЕД
Посух додан
  • kamol

  • 12 август 2013 01:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hizbi nahzat islomi nest sikhara (mutaara) halol medona ki zino ast
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
СУЛТОН,
ШУКРОНАИ ШУКАМИ НИМ СЕР, ШУКРОНАИ ФАРЗАНДОНИ БАРАХНА, ШУКРОНАИ КИСАХОИ ХОЛИИ ХАЛКИ ТОЧИК, ШУКРОНАИ ОН, КИ РУЗ БА РУЗ РУСИЯ РАВИАМОН ЗИЁД МЕШАВАД, ШУКРОНАИ ГРОПХОЕ, КИ ХАР ХАФТА АЗ РУСИЯ БА ТОЧИКИСТОН МЕРАВАНД ШУКРОНАИ ВАТАНИ ГАДОЯМОН, ШУКРОНАИ ОНЕ, КИ ЗАМИНХОРО БО ХИТОЙ ФУРУХТЕМ, ШУКРОНАИ КАШОКИ, ШУКРОНАИ КАРУПСИЯ....... ШУКР ШУКР ШУКР....
СУЛТОНИ ЛАЪИН БАРОИ ХАМИНХО ШУКР ГУФТЕМ БАЪД ЧИ....... ЧИ БОЗ ШУКР ГУЕМ...?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мевафуруш рузхои арафаи иди Рамозонро ба нафъи худ истифода бурда, аз хисоби мардуми рузадор барои як соли дигари умраш маблаг гун кардааст. Акнун, ки вакти сиёсат расидааст моро насихат мекунад. Хайфи ту - савдогар! Ту на танхо мева савдо мекуни, тавре аз номааат баромеояд, агар ба танг ои, дигар мукаддасотро хам ба тичорат мегузори. Дар хар сурат ман гумон намекунам, ки ту дар айни чушу хуруши тичорат вакт пайдо карда, ба интернет сар халлонда боши. Ин корро ба чои ту нафари дигаре анчом дода, исматро истифода бурдааст. Зеро у медонад, ки ту ба чуз савдо ва фиреби мардум масъалаи дигар надори, хусусан дар нохияи дурдасти Ванч, ки дар бораи Интернет хеле маълумоти ночиз доранд. Хайфи ту!
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!