Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 24 март 2019, 00:03

Далер Шарифов ба Мулло Ҳайдар: “Фаромӯш накунед, дар асри 21-ем!”

24 сентябр 2013, 11:29

Дар кишваре, ки 99 фисад мардуми мусалмон зиндагӣ мекунад, бештари рӯҳониён вазифаи аслии худро фаромӯш карда, даст ба мавзӯъҳое мезананд, ки ҳайрати кас меояд.

Ба ҷои он ки аз фаризаҳои илоҳӣ, ба монанди ҳиҷоб, таълими Қуръон, ибодат дар масҷид, муомилоти зиндагӣ тибқи шариат ва даҳҳо мавзӯъҳое ки имрӯз дар Тоҷикистон мувоҷеҳи мушкиланд, пуштибонӣ кунанд, андешаҳоеро тариқи матбуот аз онҳо мехонем ё мешунавем, ки хандаовар аст.

Чанде пештар Мулло Ҳайдар (Шарифов) аз руҳониёни шинохта дар минтақаи Кӯлоб дар «Asia-Plus» гуфта, ки ҳар кас дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон овоз надиҳад «ҷинояте зидди давлат ва миллат» содир кардааст. Чанде сабр кардам, ки ягон шахси огоҳ ба эшон посухе бидиҳад ва бифаҳмонад ки домуллои «муҳтарам» ин андешаатон ғалат аст. Аммо чунин нашуд.

Домуллои «муҳтарам» ман ба ин кор надорам, ки андешаҳои Шумо хилофи Сарқонун ва тамоми арзишҳои демкократисту ба кадом бандҳои қонун мухолифат мекунад. Бигзор, инро ҳуқуқдонҳо ва мардуми Тоҷикистон, ки ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд, ба шумо бифаҳмонанд. Домуллои «муҳтарам» агар овоз надодан ба Эмомалӣ Раҳмон «ҷинояте зидди давлат ва миллат» бошад, бояд пас аз интихобот онҳоеро, ки ба Эмомалӣ Раҳмон овоз надодаанд, ҳамаашонро дохили зиндон кард, чаро ки ҷиноят зидди давлату миллат амали нобахшиданист.

Ба маълумоти Шумо Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев ба хотири ҷиноят зидди давлату миллат яке понздаҳ сол ва дигарӣ як умр ба ҳабс маҳкум шуданд. Аз ин хотир баъди хондани Чоркитобу Мухтасар кам-кам қонунҳои кишварро мутолиа кунед. Шумо ҳамчун домулло ва рӯҳонӣ бояд бидонед, ки тибқи шариати Ислом ҳар шахс ҳаққи интихоби зиндагии арзанда ва шоистаро дорад. Ва ӯ ҳақ дорад аз «улуламр»-и ғайришаръӣ итоат накунад ё ба ӯ раъйи худро надиҳад ё баръакс аз роҳбаре, ки тамоми хостаҳои динӣ ва дунявиашро бароварда мекунад, пуштибонӣ ва итоат намояд. Ин мавзӯъ дар дини муқаддаси Ислом хеле муҳим аст. Чаро ки Ислом дини диктаторӣ ё диктаторҳо нест. Домулло, Шумо агар хонда бошед хоҳиш мекунам ба хотиратон биёред замонеро ки паёмбари бузурги Ислом ҳангоме ки аз дунё гузаштанд, ҷонишин ё роҳбари ояндаи хилофатро таъин накарданд ва онро ба худи саҳобагон гузоштанд, то тариқи интихобот онҳо роҳбари ояндаи худро интихоб кунанд.

Ҳамин тариқ, чаҳор халифаи бузург ва минбаъда дар Ислом на ба тариқи дуздии овозҳо ё фишору хиёнатҳо, балки тариқи интихоботи озоду шаффоф яке паси ҳамдигар роҳбар таъин шуданд. Хусусан ҳангоми интихоби ҳазрати Усмон ва ҳазрати Алӣ, ки ҳардуяшон дар мақому мартаба ва илму дониш ва тақво қариб баробар буданд интихобот ҳамин хел сурат гирифт, ки бо шоҳидии се саҳоба хона ба хона гашта ба тарафдории ин ду нафар овоз ҷамъ карданд ва яке аз инҳо дар интихобот, яъне ҳазрати Усмон ғолиб омад ва ҳазрати Алӣ омада, бо ӯ байъат кард ва ӯро ба мақоми хилофат табрик намуд.

Домулло медонед, ки ин воқеа дар дини Ислом 1400 сол пеш сурат гирифта буд ва алъон мо дар асри 21 қарор дорему мардумро маҷбур мекунем ба тарафдории касе овоз диҳанд ва овоз надоданашонро ба номзади мавриди худ ҷиноят ҳисоб мекунем. Шумо, ки саллаву ҷелак ва номи муллоӣ доред, аз номи Ислом баромад мекунед ва то ба имрӯз зиндагиатон пушти номи Ислом аст бояд мардумро аз ахлоқу аҳком ва ҷавонмардиҳои саҳобагон раҳнамоӣ кунед. Давлатдории боадолатонаи Умарро барояшон қисса кунед.

Ба мардум бифаҳмонед, ки Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ бо либосҳои дарбеҳшудаву шиками гурусна ба мардум хизмат мекарданд. Онҳо хилофатро авлодӣ накардаву тамоми тиҷорату саноату зиндагиро монополия накарда буданд. Ва ҳамин буд, ки то Испания хилофаташон тӯл мекашид. Шумо, ки пеши Худо аз ҳар авоме дида масъулияти бештареро доред ва фардо аз ин ҳама масъулият пурсида хоҳед шуд. Аз ин хотир ҳамчун як мусалмони Тоҷикистон аз шумо хоҳиш дорам, ки ба ҳар чӣ назар медиҳед, як бор онро дар тарозуи ақл санҷед. Шумо, ки намояндагӣ аз дини муқадаси Ислом мекунед, бештар кӯшиш кунед, ки мушкилиҳои мардуми мусалмон рафъ гардад. Агар ба ҷуз мулло будан вазифаи дигаре ҳам доред, пас, инаш ҳавола ба худатон, ман ҷуз мулло Шуморо каси дигар намешиносам.

Бигзор мардуми Тоҷикистон касеро ки худашон салоҳ медонанд, интихоб кунанд. Ману Шумо домулои «муҳтарам» ва ҳеч нафари дигар ҳақ надорад ба ҳуқуқи мардум дахолат кунад. Ҳама чиз маълум аст ва мардум худашон медонанд, ки ба кӣ овоз диҳанд. Вазифаи аслии Шумо домулло ин аст, ки ба мардум ва мансабдорон ҳалолхурӣ, хиёнат накардан дар мансаб, надуздидани овозҳои мардум ва риояи ҳаққу ҳуқуқи мардумро фаҳмондан мебошад. Тағйир додани ҳолу аҳволамонро Худованд бар дӯши худамон вогузор кардааст.

Домуллои «муҳтарам» Худованд мефармояд, «Худованд ҳоли ҳеч қавмеро тағйир намедиҳад, то вақте онон он чӣ дар дилҳояшон доранд, тағйир диҳанд» (сураи Раъд, ояти 11). Пас, бояд ба хотири пешрафт ва саодатмандии мусалмонон ва миллати шарафманди тоҷик дилҳоямонро ва андешаҳоямонро тағйир бидиҳем, на ба хотири кадом манфиатаке шахсиятпарастӣ кунему аз пинҳон кардани ҳақиқат ва нодида гирифтани масъалаҳои муҳим даст бикашем.

Далер ШАРИФОВ,
журналист

PS: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • КАРА

  • 27 сентябр 2013 17:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кандата зан бародар бисёр фикру андешаи хуб гуфтаи.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мамнун Далерчон!

Шоири маъруф ба фикрам ин шеърро дар васфи Шумо фармудааст:

Далери кун, ки майдон аз далер аст, Агар рубах далер афтад, чу шер аст.

Шумо хакикатро ба мардуми зачрдидаи Точикистон фахмондед. Муллохо бояд хизмат ба Худои мутаолу мардум кунанд, лекин дар Точикистон баъзе муллохо даст ба хиёнат заданду зархариди бегонагон шуданд ва ба сиёсату ахзоби сиёси ворид шуданд. Онхо дар "Амри маъруф" хеш ба чои хизмати беолоиш ба Худо, "Курони мукаддас", пайгамбарони Ислом ва мусульмонон, мардуми шарифи Точикистонро ба чангу хунрези даъват карданд.
Он муллохое, ки пеши мардум дар солхои 90-ум гунохи азим карданд, бояд мард шаванду аз мардуми Точикистон бахшиш пурсанд ва холо саъю кушиш кунанд, ки гуноххои хешро бихаранд, албатта аз тарики хизмати пок ба мардум. Хизматашон ин, ки ба мардум хакикат бигуянд. он вакт мумкин аст, ки Худои мехрубон ва мардуми азияткашида ба онхо гуноххои азимашонро бибахшанд.
Мо дакик мефахмем, ки Мулло Хайдар ба кадом максад ин режими кухнаро пуштибони мекунад. Битарс аз касе, ки натарсад аз Худову "Курони азум-уш-шаън".
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухочир,
Ай, "Шери" муҳоҷир,
ту ки худ ҳамеша бо тарсу ваҳму лаганбардорӣ зиндагӣ дорӣ, чаро фикр мекунӣ, ки дигарҳо ҳам мисли туанд. Ту аз тарс ҳатто бо номи худ баромад накардаи, балки бо номи мустаор лоф мезанӣ. Журналист Далер мақолаи хубу бамаврид иҷод кардааст. Ин ҷавон маҳорати хеле баланди касбӣ ва мавқеъи шаҳрвандӣ худро нишон додааст. Магар ин бад аст, ки ту дар ҳаққаш суханони пасту баландро раво дидаи? Илова бар он, он ҷавон ягон ҳарфи баде ҳам нагуфтааст, ки ту инқадар сӯхтаву пухта, домангираш шудаи. Ту ва тубаринҳо карахт шудаед ва ҳеҷ намехоҳед тағйир ёбед. Магар ягон вазифаи баланд дорӣ, ки бо иваз шудани президент аз даст рафтани он метарсӣ? Зеро аксари (шояд ҳамаи!) амалдорон аз ҳамин ҳарос доранд. Бидон, ки президенти доно ҳеҷ вақт мутахассисони варзидаро иваз намекунад, зеро дар он сурат кори худаш пеш намеравад! Дар ин бора ҳар қадар сухан кунӣ, кам аст.
Қисса кӯтоҳ, ту ва тубаринҳо таҳдид бар ҳастии миллати тоҷик ва бақои Тоҷикистонед. Шумо мехоҳед ҳамаи чавонони далер ва мағрурро нобуд сохта, замони бардагӣ, чоплусӣ ва зӯроварӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ ва вазъияти беқонуниро боз ба ҳафт соли дигар кашед, бо умеде, ки "усунш баъд маълум меша, я бало мекунем".
Посух додан
  • fighter

  • 9 октябр 2013 11:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И бародар Далер одам наёфт як мусафеда тахти фишор мавзуъи худуш гирифт худо накуна ай и суханот мусафед саломатиша аз даст бута. Метонан ки тура суда бутан барои и мавзуъи навиштаат Мумкин бад дар ояда чунин рафтора нистабни худи худут мебини ай пушти манфиатхои худут шида саломатии дигар шахсиятхои пирансола хавфнок накун, У мардак зиндаги, конуне ки ту мегуй, мумкин зиёд будона, у мардак зиндагиша нигох карда гап мезана. Так что браток И доммулое ки ту нисбатуш сухан карди ягон сиёсат мадор нест ки критикаи тура кабул дониста боша. Дар анчом набояд ба манфиати худуд кор куни яъне шинос дорум гуфта хизба агар дастгири кунум дар оянда вазифа мегири гуфта кор кардестай Ду руя нашав худованд агар нахост Эмомали намешава ягонтаи дига мешава неки шумо сад сухан кунен ягон чи тагир намеёба то ба розигии худованд набошад. Ма шумора ба мисли як саге ки суии махтоб хав-хав мекуна неки махтоб зарар намебина хамсояхои гирду отрофа газабша миёра шумо ба мисли хаму саг кардестен. Дар анчом саломат бошен бугзор сартон дарда набина доимо саломату сарбаланд бошен!
Посух додан
  • Мухочир

  • 12 октябр 2013 16:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ва дуруд аз тарафи як гурух мухочирони точик. Ахсант ва сад ахсант ба Шумо Акаи Далер номатро халол карди. Валлох ин хамаи харфхое, ки Шумо задед айни хакикат ва орзуи аксар (ба эхтимоли 99% хамаи мухочирон) мухочирон мебошанд. Худованд Шуморо дар панохи худаш нигахдорад ва он домуллохои лагандбардорро хидоят намояд.
Посух додан
  • точик

  • 16 октябр 2013 21:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародари азиз далер охир ба муло хочи хайдар вазифа доданд вай фикр мекунад ки пулу вазифа аз хама боло астСалим,
Салим,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайр аз солхои 90 медонем, ки Мулло Хайдар бо лакаби Муллои сурх машхур буд. Акунун ин хел шамол кадом самте вазид рафтан мегирад...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо агар хонда бошед хоҳиш мекунам ба хотиратон биёред замонеро ки паёмбари бузурги Ислом ҳангоме ки аз дунё гузаштанд, ҷонишин ё роҳбари ояндаи хилофатро таъин накарданд ва онро ба худи саҳобагон гузоштанд, то тариқи интихобот онҳо роҳбари ояндаи худро интихоб кунанд.


Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!