Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 12:56

Бозор Собир: Агар ман раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам...

15 май 2015, 20:50

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик дар пайи нашри шеъри баҳсбарангезаш дар бораи қатли Фархунда дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ваҳшонияти бемисл”-и ин ҷиноят боис шуд, ки ӯ дар бораи Фархунда шеър эҷод кунад.

Дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ дар мавриди шеъри нави Бозор Собир, “Озодагон” нахуст, суол кард, ки чаро маҳз қазияи Фархунда мавриди таваҷҷуҳаш қарор гирифтааст, зеро ҷиноятҳои даҳшатнок ва қатли мазлумонаи афроди бегуноҳ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон кам нестанд?

Бозор Собир: Бале, ман дар сомонаатон хондам, ки сафири Афғонистон дар Тоҷикистон низ дар суҳбат бо шумо ин суолро гузоштааст. Сафир маро экстремист гуфтааст. Кори Афғонистонро монда, ба тоҷикҳо гӯиё дилсӯзӣ кардасту гуфтааст, ана шуморо ҳам мекушанд ку дар Маскаву дигар ҷойҳо. Бале дар Русия ҳам мекушанд, дар Амрико ҳам мекушанд дар дигар ҷойҳо низ мекушанд, ин дуруст аст. Дар ҳама ҷо мекушанд, лекин ба ин ваҳшонияте, ки дар Афғонистон мекушанд, дар ягон ҷои дунё нест. Боз як духтари 27-сола бечораи бекасу бепаноҳро куштаанд. Куштораш 4 соат давом кард, 4 соат ӯро дар майдон сангсор кардаанд, ҳукумат дар куҷо буд? Дар ин 4 соат президент дар куҷо буд? Сарвазир дар куҷо буд? Пулисҳо дар канор истода, тамошобин буданд. Садҳо нафар дар гирду атроф тамошо карданд. Як бечора духтарро калтаккӯбӣ карданд, аз болои бом партофтанд, аз болои ҷасадашон мошин гузаронданд, баъди ин боз сӯзонданд. Ин воқеа 4 соат давом кард, касе нагуфт, ки эй мардум шумо чӣ кор мекунед, ин чӣ гап аст? Боз дар маркази шаҳр. Ҳама тамошобин.

“Озодагон”: Шумо, ки мусоҳибаи Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро хондаед, медонед, ки сафир шеъри наватонро “тавҳиннома бар миллати Афғонистон” хондааст ва бо зикри он, ки Шумо “марг бар Афғонистон” гуфтаед, хостори муҳокимаатон шудааст?

Бозор Собир: Бале, ман бар инам. Зиёда аз ин ман агар раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам, рӯзи аввали ҳамин воқеа сафоратхонаи Афғонистонро дар Душанбе мебастам. Бо кӯчу бандашон аз сарҳади Тоҷикистон гуселашон мекардам.

“Озодагон”:
Ҷаноби сафир мегӯянд, Шумо уқда, ё худ мушкилоти таърихие бо Афғонистон доред, ки ба баҳонаи ҳамдардӣ бо Фархунда кафидед ва онро ифшо кардед?

Бозор Собир: Ман ягон мушкил бо Афғонистон надорам, лекин медонам, ки носолимиҳо дар он ҷо зиёданд. Афроди динзадаи ақибмондаи террорист дар сартосари Афғонистон ҳастанд. Ман боварӣ дорам, ки ҳамин экстремистҳое, ки Фархундаро куштанд, маҳз тоҷикони Афғонистонанд. Боварӣ дорам, ин корро ҳатто паштую узбакҳо намекунанд.

“Озодагон”: Дар пайи нашри ин шеъратон, ки ба Фархунда бахшида шудааст, на танҳо сафири Афғонистон, балки шаҳрвандони Тоҷикистон низ иддао пеш гузоштаанд, ки Шумо ҳамчун шоири миллат боре ҳам барои қатл ва “сарбурӣ”-и ҷавонони тоҷик дар Русия садо баланд накардаед?

Бозор Собир: Дурӯғ, дурӯғ, дурӯғ. Ман дар ин бора чандин бор навиштагиям. Нахондаанд. Ҳатто ҳамин хел навиштам, ки ин кори саҳюнистҳо аст. Ҳамин кушторҳое, ки шумо гумон мекунед, миллатгароҳои рус мекушанд, не. Инҳоро созмонҳои саҳюнистӣ мекушанд.

“Озодагон”: Инчунин шеъри нави шуморо “як шиорпартоӣ”-и сиёсӣ гуфтаанд. Он давоми сиёсати исломситезӣ, ки ба мақомоти Тоҷикистон нисбат дода мешавад, нест? Оё ягон ангезаи сиёсӣ дорад?

Бозор Собир: Не, ягон чӣ, на ангеза ва на ғаразҳои сиёсӣ дорад. Ягон ғарази миллию миллатчигӣ надорад. Мустақиман фоҷиаи ҳамон духтари бечора аст.

“Озодагон”: Бархе шеъри наватонро аз нигоҳи адабӣ низ мавриди интиқод қарор додаанд ва гуфта мешавад, ба пояи он шеърҳои қаблиятон нест. Баҳои худи шумо ба ин шеър дар муқоиса бо шеърҳои қаблиятон чӣ гуна аст? Аъло, хуб, миёна?

Бозор Собир: Ман инро нишаста ҳунармандӣ накардам. Инро аз ҳамон воқеа бардоштаам. Шоирӣ накардаам, санъатҳои бадеиро накофтам, аммо то ҳадди имкон талош намудам, ҳамон фоҷиаро тасвир кунам.

“Озодагон”: Шумо мегӯед, “Эй ниёгонҷӯён” ва идома медиҳед, ки ин аст, ниёгони Шумо. Ин хитоб ба кист?

Бозор Собир:
Ин хитоб ба тоҷикон аст. Аз мақолаи охири ман “Падарони миллат” гирифта шудааст.

“Озодагон”: Дар шеъратон инчунин аз муллою асҳоб зикр кардаед. Онҳо ба қатли Фархунда чӣ рабт доранд?

Бозор Собир: Барои он, ки ҳамин муллоҳо, шайхҳо, охундҳо халқро фанатики дин карданд. Мардум дигар ғайр аз дину масҷид дигар ҳеч чизро намефаҳманд. Фаҳмидан ҳам намехоҳанд.

“Озодагон”: Сухани Иқбол, ки “айб дар Ислом нест, дар мусалмонии мост” чӣ мешавад?

Бозор Собир:
Ман ба ин чандон розӣ нестам. Ислом миллатро намешиносад, Ватанро намешиносад. Гузаштагони мо тарғиботчии калони Ислом буданд, аммо барои ҷамъият чизе наоварданд. Ягон касро на пӯшида кард, на сер. Ҳамон гадо гадо монду бой бой монд. Танҳо умеди хушбахтӣ дар он дунё, ки ин як найранги дигар аст.

“Озодагон”: Ҳамин шеваи гуфторҳои Шумо боис шудааст, ки дар бисёри доираҳо Шуморо атеист ном мебаранд. Албатта ин ҳаққи шумост, мо танҳо фаҳмидан мехостем, ки ин дуруст аст?

Бозор Собир: Бале, ман атеистам. Атеисти советӣ.

“Озодагон”: Фикр намекунед, ки баъзан ҳамин ошкоргӯиҳоятон як зарба ба боварҳои динӣ, нохунзанӣ ба ҳиссиёти диндорон мешавад?

Бозор Собир: Ман ба гӯру чӯби мардум кор надорам, лекин бо ифтротгароӣ дар Ислом сарукор дорам ва зидди онам.

Ин дар мусоҳиба дар ҳоле сурат гирифт, ки шеъри нави Бозор Собир, бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиддунақиз, аз ҷумла норозигии сафири Афғонистонро ба вуҷуд овард. Ин шеъри тозаро Бозор Собир ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд:

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бетамизих,ои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемагз агар лаб во кунад, расво шавад!
Бозор бисьёр шахси бехирад!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оё намедонат, миллати афгон ихтиёр бадасти худаш нест давлатхоеки бозорро парваридаанд дар катлу куштор даст доранд. Дар кишвари бегона амрико чи мекобад ту бозор ва туборинхо одам бикушеду дар гардани дигар инсонхо бор кунед. Ту хоини миллат фуруш хасти руссу амрикоро тарафдори, ки аз мо хазорхо километр дуранд на хам динанд на хамзабонанду ва на хам миллат аммо афгонистону эрончи сарзада. Шумр атеисто афгонистонру ба анахамин хол овардед оё фаромуш карди бади сурзи шурави шикаст хурд боз тарафи амрико гашти чунки имруз амрико сари кудрат аст
Посух додан
  • Сатор. Руссия

  • 16 май 2015 09:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба БОЗОР СОБИР : Он, ки хафт иклими оламро ниход , хар касеро он чи лоик буд дод, Гурбаи мискин агар пар дошти, тухми гундишк дар олам нагузошти . Худованд дар ягон давру замон монанди ту барин одамонро Раиси Чумхури накунад. Ман як фарди Точик туро хамчу Шоир эътироф накардаам ва намекунам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бозор Оё намедонат, миллати афгон ихтиёр бадасти худаш нест давлатхоеки бозорро парваридаанд дар катлу куштор даст доранд. Дар кишвари бегона амрико чи мекобад ту бозор ва туборинхо одам бикушеду дар гардани дигар инсонхо бор кунед. Ту хоини миллат фуруш хасти руссу амрикоро тарафдори, ки аз мо хазорхо километр дуранд на хам динанд на хамзабонанду ва на хам миллат аммо афгонистону эрончи сарзада. Шумр атеисто афгонистонру ба анахамин хол овардед оё фаромуш карди бади сурзи шурави шикаст хурд боз тарафи амрико гашти чунки имруз амрико сари кудрат аст
Посух додан
  • саид

  • 16 май 2015 09:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин нафаре ки худро шоир гуфтааст, аслан аз арзишхои инсониву диниву сиеси фарсаххо дур аст
аз рузноманигорон хохиш мешавад то ба ин бехабар мачол надиханд
мачол надиханд то имконият надошта бошад харзагуиро идома дихад
на хунари шеър гуфтан дораду на адаби сухан гуфтан
аз сафир хам хохиш мешавад то ба харфи аблахе ахамият надихад
Посух додан
  • Darvesh

  • 16 май 2015 09:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
.....Бозор Собир: Бале, ман бар инам. Зиёда аз ин ман агар раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам, рӯзи аввали ҳамин воқеа сафоратхонаи Афғонистонро дар Душанбе мебастам. Бо кӯчу бандашон аз сарҳади Тоҷикистон гуселашон мекардам.
... I fikri bejota ay sarut dur namo Bozor! Masjid bra Khudo bgu namoz bkhon! Zindagi ba okhir rasidaistodaast!!!!!!!!!!!!!!!! Fikri on dunyora boyad kard!
Посух додан
  • МУҲАММАД АЗ ХОВАЛИНГ

  • 16 май 2015 10:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОЗОДАГОН ИЛТИМОС СУХАНОНАМРО НАБУРИДА ЧОП НАМО ИН АҚИДАИ МАН АСТ, ТУ АЗ ЧИ МЕТАРСИ, СУХАНОНРО БУРИДА НОДУРУСТ ЧОП МЕНАМОИ, ИЛТИМОС ИН КОРРО НАКУН.
БИСМИЛЛОҲИ РАҲМОНИРРАҲИМ. АССАЛОМУ АЛАЙКУМ.
АСЛАН МАН ҲАЙРОН АЗ ОНАМ, КИ БАЪЗЕ АЗ МАРДУМИ МО ШУКРОНА АЗ ИМОНУ ИМОНДОРИ ВАТАНУ ВАТАНДОРИ НАКАРДА БЕШТАР ҲАМЧУ КУРШАПАРАК БА ИМОНУ МИЛЛАТАМОН САРУ КОР МЕГИРАД "ИН ҲАМОН ВАТАНФУРУШОНАНД АСЛАН" РУЗЕ МЕШУНВИ ТАРАФДОР АЗ ИСЛОМУ ВАТАН, РУЗЕ МЕБИНИ ЗИДДИ ИСЛОМУ ВАТАН. БАМИСЛЕ, КИ ДУХУРА БУДАНИ ЧУНИН ШАХСОН ГВОҲ АСТ. АГАР ДАСТГИРИАШОН КУНАД ДАВЛАТ ТАРАФДОРИ ДАВЛАТ АГАР НАКУНАД ЗИДДИ ДАВЛАТ. ВАГАРНА ШУКРОНАИ ВАТАН БИБОЯД КАРД. ҲАЙҲОТ ҲАЙҲОТ. ВА ҲАЙФ АЗ ЧУНИН БО НОМИ ХУДАШОН "ОҚИЛФИКРОН". ВА "ШОИРОН" ХУБ МЕШУД АГАР ҲАМЧУ ПЕШКАИ ШОҲМОТ ИСТИФОДА НАМЕШУДАНДУ БАЛКИ ДАР ФИКРИ ОБОДИИ ВАТАНУ МИЛЛАТАМОН МЕШУДАНД.
Посух додан
  • Софдил

  • 16 май 2015 10:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фикри чанозаатро кун устод. Ки мехонда бошад? Худованд хидоятат кунад.
Посух додан
  • Масчои

  • 16 май 2015 10:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Беномусоне ,ки тарафдррии бозор ро мекунед,суханхои у шумо ба ном "точиконро"магар таъсир намекунад?У точиконро аз хасу хошок паст мехисобад,ку нангу номуси шумо?ё дар хакикат шумо точик нестед?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КАМТАРИН МАОШ.БАЛАНДТАРИН АНДОЗ.ГАРОНТАРИН РОХИ ПУЛАКИ.БЕБАРКИ.БЕКОРИ.НОАДОЛАТИ СУДИ.БЕРАХМИИ МАКОМОТ...-ИН АСТ КАМТАР МАВЗУХОИ МУШКИЛОТИ МАРДУМИ ТОЧИК!!..ШОИРИ ХАКИКИИ МАРДУМИ ОИДИ ИН МУШКИЛИХОИ АВВАЛИНДАРАЧА БОЯД ШЕРХО ЭЧОД КУНАД!!!...
Посух додан
  • Толиб

  • 16 май 2015 10:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бозориро табобат кардан даркор
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сафири Афгонистон бояд аз Устод Бозор Собир узр бипурсад. У бесаводии худ ва аз санъти дипломати бехабарии худро собит намуд. То чое медонам чаноби сафир шеър мегуянд. Магар аз санъати шеър: киноя ва истихора хабар надоранд? " Марги Фархундаи ноком ба ман мегуяд" Аз аввалин мисрахо шоир ишора мекунад Марг ба ман мегуяд!!! Дар хар мисра кинояву истихора.. Чаноби Сафир ё узр бипурсад барои игво ё Точикистонро тарк бинмояд...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЧАВОБИ "ШЕЪР" БО ШЕЪР

Замони хаёти Паёмбар (с) вакте мушрикон дину Худову Паёмбар (с)-ро бо шеъргуйи масхара мекарданд, он Хазрат (с) ба Хассон Ибни Собит шоири забардаст ва яке аз ёрони бовафои худ дастур медоданд, то дар мукобили онхо бо шеър посух бигуяд.

Инак бародари банда ба Бозор Собир чавобе навишта, ки шояд ин чо гузоштанаш аз фоида холи набошад:

"Магар ғайр аз мусалмон номусалмон нест дар олам?!
Магар ҷуз кишвари Афғон пурафғон нест дар олам?!
Магар мазлумкушон танҳо мусалмонанд?!
Магар бадбахтии инсониятро муҷрим эшонанд?!
Магар ҳеҷ кишваре қотил надорад?!
Магар ҳеҷ мамлакат ҷоҳил надорад?!

Аҷаб, бояд ки Афғон зери бомб монад?!
чунин як шоирак, ин тур мехонад!

Туфу бар миллати мазлум, чи оҳанг аст?!
Туфу бар руйи ҳамойин, чи фарҳанг аст?!
Туфу бар шеъри ту, эй бехабар аз нанг,
Туфу бар фикри ту, шайтони одамранг!

Чаро ҷуръат барои таҳқиру тавҳин,
Кунад, ин шоири бе мазҳабу бе дин?!

Касе шеъраш пур аз шар ҳаст, Бозор аст,
Касе к-у аз худои хеш безор аст, Бозор аст,
Касе к-у шапкаи Ленини бобояш,
Азизтар аз расули моҳрухсор аст, Бозор аст.

Ҳам инон миллати Тоҷикро дар чанд соли пеш,
Мисоли барра бурданд, бузсифат дар пеш.
Ҳам инон чун хамилюн ҳар куҷо рафтанд,
Дигаргун карда қавлу сурату ҳам кеш.

Ватан аз дасти ин нобихрадон вайроназор гардид,
Равон хуни халоиқ ҳар тараф, чун ҷуйбор гардид,
Ватан аз фитнаи ин Аҳриманҳо сухт сар то сар,
Гурехтанд хориҷа ин буздилони фитнабунёдгар!

Насухтанд мисли Лойиқ дар ватан, дар ғам,
Набуданд ғамшарики халқи дар мотам,
Накарданд мисли Лойиқ сина пеши тир
Сипар, андар дифоъи мардуми дилгир.

Дифоъ аз миллати хори муҳоҷир кард мебояд,
Ки ҳар сол тобути фарзанди мардум зор меояд!

Қасам бар номи Ҳақ, дарди саранд инҳо,
Вабо, бал аз вабо ҳам бадтаранд инҳо!
Қасам бар номи Ҳақ, исёнгаранд инҳо,
Куҷо шоир? Ду се хокбарсаранд инҳо!"
Посух додан
  • ШОДИЕВНА

  • 16 май 2015 11:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОФАРИН БА ШУМО БОЗОР СОБИР ГАПИ ХАКА НАВИСТЕД
ШЕЬРАТОН ТАСИР БАХШ АСТ
.
Посух додан
  • Patriot

  • 16 май 2015 11:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЕСЛИ БЫЛ Я СУЛТАН БЫЛ БЫ ................

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!