Главная > Тоҷикистон, Минбари Шумо > “Бачаҳои ҷайра”. Ё чигуна Тоҷик Эйр моро ба Сомон Эйр "фурӯхт"

“Бачаҳои ҷайра”. Ё чигуна Тоҷик Эйр моро ба Сомон Эйр "фурӯхт"


28 май 2013, 13:20. Разместил: administrator
Аз ҳамаи хонандагоне, ки хабарҳои моро пайгирӣ мекунанду худ ҳам матлаб ва ё шарҳ менависанд, изҳори сипос мекунем. Ҳоло аз хонум Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеъ, дар бораи хизматрасонии ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр як нома расидааст, ки онро нашр карда, шарҳи Шуморо мунтазирем.


“Рӯзи 27-уми май, баъд аз мурофиаи додгоҳии хабарнигори тоҷик Абдуқаюми Қаюмзод, ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе омадаму аз ширкати “Тоҷик Эйр” ба самти Душанбе-Хуҷанд чипта ё билет харидам. Аз рӯи ҷадвал бояд ҳавопаймои мо соати 18:ЗО парвоз мекард.

Соати 17:ОО (27-уи май) эълони бақайдгирии чиптаҳо аз баландгӯи фурудгоҳ садо дод. Бархе аз мусофирон чиптаҳои худро ба қайд гирифтаву вориди толори парвози фурудгоҳ шуданд. Ман ҳам чун дигар мусофирон дар навбат истода будам.

Ногоҳ яке аз масъулини ширкати ҳавопаймоӣ омаду ба кормандонаш хитоб кард, ки бақайдгирии чиптаҳоро мавқуф гузоранд. “Тайёра нест”,-гуфт ӯ ва бо нигоҳи гунаҳгорона ба мо рӯй оварду афзуд, “боду ҳаво барои парвоз муносиб нест”. Ҳамин тавр вақти дигар -- соати 20:30 ба таъхир гузошта шуд.

Ба берун нигоҳ кардам, ки ҳаво офтобӣ буд. Бо наздикон дар Хуҷанд тамос гирифтам, ки гуфтанд он ҷо ҳам офтобист. Бало ба пасаш. Аммо ҳавопаймо на дар соати 20:30, ҳамн тавре ваъда шуда буд, балки соати 21:15 парвоз кард.

Вақте наздики тайёра мерафтем, як Боинги калони зебое моро интизор буд. Моро дохили ҳамон тайёраи зебо бурданд, ки дар девори он “Сомон Эйр” навиштаанд. Ман эрод гирифтам, ки мо чиптаро аз ширкати “Тоҷик Эйр” харида будему чаро моро инҷо оварданд? Чаро моро як ширкат ба ширкати дигар фурӯхт? Баъд фаҳмидам, ки он ҳавопаймое, ки моро бояд аз Душанбе ба Хуҷанд мебурд, аз Хуҷанд ба кадом як вилояти Федератсияи Русия парида рафтааст.

Не, ягон фикри бад накунед. Ман аз хизматрасонии ширкати “Сомон Эйр” сад дар сад розиам, чун хизматрасонӣ ба дараҷаи олӣ буд. Аммо чаро ширкати “Тоҷик Эйр” аз мо, аз муштариёни худ, бахшиш напурсид. Магар мо фарзандони ҷайраем? Ин чӣ бархӯрд аст? Мо-ку чиптаҳоро бепул нагирифтем. Бовар кунед, ин бори аввал нест.

Боре аз Вашингтон ба Флорида мепаридам, ки парвоз 6 соат тӯл кашида буд. Нархи чипта ҳамагӣ 50 доллар буд. Аммо ман барои аз Душанбе то ба Хуҷанд паридан чиптаро бо нархи 80 доллар харидам, ки парвоз ҳамагӣ 35-40 дақиқа давом мекунад.

Ин чиро нишон медиҳад? Набудани рақобатро. Агар рақобат бошад, ширкатҳо барои дили як нафар мусофирро ба даст овардан чӣ корҳеро анҷом намедиҳанд. Аммо дар мо чӣ? Афсӯс, аз мост, ки бар мост.”

Файзиннисо ВОҲИДОВА,
вакили мудофеъ

Вернуться назад