Главная > Тоҷикистон, Узбакистон > Мақомоти Узбакистон ба ҷои вохӯрӣ бо мақомоти Тоҷикистон наомаданд

Мақомоти Узбакистон ба ҷои вохӯрӣ бо мақомоти Тоҷикистон наомаданд


16 июл 2013, 15:06. Разместил: administrator
Гуфтушуниди мақомоти амниятиву марзбонии Тоҷикистон бо ҳамтоёни узбакашон дар мавриди раҳоии 10 сокини Панҷакент ва ҳазорҳо сар чорво, ки қарор буд, 16-уми июл баргузор гардад, доир нашуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар як моҳи охир даҳ сокини ҷамоати Моғиён ва Фароби ноҳияи Панҷакент, 41 гов ва беш аз ду ҳазор гӯсфанд аз тарафи марзбонҳои Узбакистон рабуда шуда ва то ҳол озод нагардидаанд.

Шамсиддин Баҳриддинов, раиси ҷамоати Фароби ноҳияи Панҷакент, ба “Озодагон” гуфт, “сардори қушунҳои сарҳадӣ, қумандонҳо -- якҷоя 12 нафар ба марзи Тоҷикистону Узбакистон рафтем. Бояд соати 10-и субҳи 16 июл бо намояндагони узбак нишаста, аз рӯи харита гуфтушунидамонро мекардем, аммо бино ба сабабҳои номаълум онҳо ба ҷои мулоқот ҳозир нашуданд.”

Ба қавли Баҳриддинов, онҳо иттилоъ ёфтаанд, ки гӯиё намояндагони Узбакистон барои раҳоии ду ноболиғи тоҷик, ки як моҳ пеш аз ҷамоати Моғиён рабуда шудаанд, розӣ мебошанд. “Аммо дар бораи тақдири се нафари дигар ва панҷ нафаре, ки аз ҷамоати Фароб бурда шудаанд, ягон иттилое нест”,-афзуд ӯ.

Вернуться назад