Главная > Узбакистон > 6 муҳоҷири ғайриқонунии узбакро аз Русия депорт мекунанд

6 муҳоҷири ғайриқонунии узбакро аз Русия депорт мекунанд


13 сентябр 2013, 12:23. Разместил: MG
Аз Камчатка тавассути хатсайри Шереметово 6 муҳоҷири ғайриқонунӣ ба Маскав фиристода шуд. Дар пойтахти Русия онҳоро ба дигар ҳавопаймо нишонда ба ватан мефиристанд,-хабар медиҳанд расонаҳои русӣ.

Барои шаш нафар чиптаи ҳавопаймо то шаҳри Тошкент ва барои як нафари дигар то Бишкеки Қирғизистон харидорӣ шудааст. Миёни ин афрод як зан ҳам ҳаст.

«Тибқи қонун ин афрод давоми панҷ соли оянда аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум хоҳанд буд. Аммо ин зан исрор дорад, ки ба Камчатка бармегардад. Ба гуфтаи ӯ дар Қирғизистон ҳеч гоҳ маблағеро, ки дар Русия кор мекунад, намеёбад», – навиштааст "Восток-Медиа”.

Гуфта мешавад, шуруъ аз оғози соли равон аз Камчатка 104 муҳоҷири ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд.

Вернуться назад