Главная > Узбакистон > Ба зурӣ. Тоҷирони узбакро "маҷбуран" ба пахтачинӣ мебаранд

Ба зурӣ. Тоҷирони узбакро "маҷбуран" ба пахтачинӣ мебаранд


17 сентябр 2013, 17:54. Разместил: CV
Дар Узбакистон тоҷирон ва соҳибони марокизи савдоро иҷборан ба ҷамъоварии пахта мебаранд.

Ба навиштаи торнамои “Узметроном”, мақомоти Тошканд ба соҳибони мағозаҳои мошинбозори “Сергелӣ”-и ин шаҳр се рӯз вақт додаанд, то барои ҷамъоварии пахта ба вилояти Ҷизахи Узбакистон бираванд.

Мақомот гуфтаанд, ҳар тоҷире, ки намехоҳад дар ҷамъоварии пахта иштирок кунад, нафареро фиристад ё ба маблағи 19,5 доллари амрикоӣ ҳар рӯз “ҷарима” пардозад, то шахсеро ба ҷои ӯ истихдом кунанд.

Ин торнамо мегӯяд, дар сурати саркашӣ аз иҷрои ин фармон дарҳои мағозаҳо баста хоҳанд шуд. Чун барои он баҳона ҳатман пайдо мешавад.

Вернуться назад