Главная > Дин ва зиндагӣ, Хабарҳои ҷаҳон > Бишкек мизбони конфронси "Оила дар Ислом"

Бишкек мизбони конфронси "Оила дар Ислом"


24 сентябр 2013, 15:04. Разместил: MG
28-уми сентябр дар шаҳри Бишкек II-юмин симпозиуми умумимиллии «Оила дар Ислом» ба кори худ оғоз мекунад.

Симпозиум бо ташаббуси Фонди ҷамъиятии «Адеп Башати», Донишгоҳи давлатии ба номи Аробаев ва Донишгоҳи Исломии Қирғизистон созмон хоҳад ёфт.

Бино ба иттилои расонаҳо дар ин ҳамоиш масоили таҳкими институти никоҳ ва оила, тибқи арзишҳои мусалмонӣ дар шароити ҷаҳонишавии ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳс мешавад.

Дар симпозиум донишмандони маъруфи минтақа ширкат ва суханронӣ хоҳанд кард.



Вернуться назад