Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > Оғози азнавсоии роҳи Восеъ-Ховалинг бо 89 миллион доллар

Оғози азнавсоии роҳи Восеъ-Ховалинг бо 89 миллион доллар


29 сентябр 2013, 12:27. Разместил: administrator
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз анҷоми сафари серӯзааш ба минтақаи Рашт, рӯзи 29-уми сентябр ба вилояти Хатлон рафт. Вай нахуст аз ноҳияи Ховалинг боздид намуда, дар оғози навсозии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг иштирок намуд.

Ин роҳи 87-километрӣ ва қитъаи Сайрон-Қарамиқи шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон бо харҷи беш аз 89 миллион доллар навсозӣ хоҳад шуд. Мақомот мегӯянд, аз ин ҳисоб 19 миллион доллараш саҳми худи Тоҷикистон буда, 70 миллион доллари дигараш маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд (БОР) мебошад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, “дар доираи ин тарҳ дар масири Восеъ-Ховалинг 87 километр роҳи асосӣ бо 12 пули хурду бузург ва ҳамчунин 30 километр роҳҳои маҳаллии деҳот навсозӣ мешаванд”. Худи Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронияш таъкид карда, ки “дар ҷараёни татбиқи лоиҳаи бунёди роҳ бояд ба сифати корҳо ва масолеҳи сохтмон аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Зеро ин роҳ аҳамияти минтақавӣ дошта, бояд ба наслҳои имрӯзу фардо хизмат намоянд.”

Мавриди истифода қарор додани Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд барои 120 нафар, ифтитоҳи мактаб-интернат барои 320 хонанда ва як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ: корхонаи заргарӣ, корхонаи дӯхти либосҳои мактабӣ, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва ҳамчунин мулоқоту суҳбатҳо бо мардуми касбу кори гуногун аз бандҳои асосии барномаи сафари кории раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ховалинг дониста мешавад.

Вернуться назад