Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Видео, Интихобот - 2013 > (ВИДЕО) Бобоназарова: “Ба ин қарор омадам, ки ҳукумат тарсу будааст”

(ВИДЕО) Бобоназарова: “Ба ин қарор омадам, ки ҳукумат тарсу будааст”


11 октябр 2013, 11:48. Разместил: administrator
Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шомили онанд, то кунун 201 ҳазору 236 имзо ҷамъоварӣ намудааст. Дар ҳоле ки барои сабтиноми расмии номзад ба мақоми президентӣ дар Кумисюни марказии интихобот 210 ҳазор имзо зарур мебошад.

Ба ин тартиб, аз рӯи қонуни интихобот хонум Бобоназарова аз идомаи сабқат барои дарёфти курсии президентӣ маҳрум шуда, майдонро барои рақибонаш холӣ гузошт. То кунун Кумисюни марказии интихобот шаш номзад ба мақоми президентиро сабтином кардааст, ки дар миёнашон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ низ ҳаст.



Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, аз рӯи таҳлилҳояш ва баромади номзадҳои дигар, ӯ яке аз рақибони аслии оқои Раҳмон дониста мешуд ва дар сурати сабтиномаш бозии асосӣ миёни ин ду нафар ҷараён мегирифт. “Аз рӯйи таҳлили ман, ҳамаи номзадҳои дигар бо ҳукумат дар як команда ҳастанд”,-афзуд ӯ.

Вай, ки рӯзи 11 октябр дар нишасти хабарӣ суҳбат мекард, гуфт, “фикр мекардам, ҳатто ин миқдор имзоро намегирем. Рақиби ман як Раҳмон набуд, рақиби ман тамоми ҳукумат ва ниҳодҳо буданд.” Бобоназарова дар идома афзуд, “ба мо аз 8 ҳазор камтар овоз намерасад. Баъзеҳо ба назди мо меоянд, ки пештар имзо монда буданд. Онҳо мегӯянд, агар имзои худро бозпас нагиранд, бо мушкили зиёд рӯбарӯ мешаванд. Ман бар ин қарор омадам, ки ҳукумат тарсу будааст. Медонистам, ки бисёр қонуншиканӣ мешавад, аммо то ба ин дараҷа фикр намекардам. Ин ҳама фишор ва вазъият бозгӯи ин аст, ки ҳукумат намехоҳад аз сари қудрат биравад.”

Номзади ягонаи ислоҳотхоҳон гуфт, рӯзҳои наздик ҷаласаи васеи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ даъват шуда, дар ин замина қарори худро қабул хоҳанд кард. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ номзадии Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷикро ба мақоми президентӣ пешниҳод карда, ба ҷамъоварии имзо шурӯъ намуд. Бар асоси қарори Кумисюни марказии интихобот бояд онҳо то ҳафтуми октябр 210 ҳазор имзоро ҷамъоварӣ карда, ба ин ниҳод месупориданд. Аммо баъдан, КМИР эълон кард, ки бо дархости Ҳизби демократу коммунист ва сотсиалист ин муҳлатро то 10 октябр тамдид кардааст. Бо ин ҳол, ислоҳотхоҳон мегӯянд, имзои ҷамъовардаашон кофӣ нест ва онҳо зарур намедонанд, ки рӯйхаташонро ба Кумисюни марказии интихобот пешниҳод кунанд.

Ойниҳол Бобоназарова дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи бойкоти интихобот гуфт, "инро ҷаласаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ муайян мекунад."

Вернуться назад