Главная > Тоҷикистон, Викенд, Фарҳангу адаб, Дидгоҳи хос, Видео > Синамои тоҷик: Роҳ ба сӯи Ҳолливуд, Болливуд ё "Русвуд"? (ВИДЕО)

Синамои тоҷик: Роҳ ба сӯи Ҳолливуд, Болливуд ё "Русвуд"? (ВИДЕО)


12 октябр 2013, 10:12. Разместил: MG
Дар назари аввал синамои тоҷик гӯиё ба ҷаҳонӣ шудан меандешад. Шумораи зиёди филмҳо, нақшофарону коргардонҳои нав ба нав ва сенарияҳои дарбеҳу поргишуда нишоне аз рушди кинои ватаниянд. Аммо, мутаасуф, бо ин ҳама ҳоло танҳо аз Голливуд ҳақорат, аз Болливуд фантастикаву рақс ва “Русвуд” амалҳои шаҳвониро омӯхтаанд. То сифат бошад, ҳанӯз ҳазорҳо чақрим роҳ мондааст.

Синамои даврони истиқлоли Тоҷикистон ҳарчанд бади бади бад нест, аммо ба сатҳи миёна ҳам нарасида. Чанд дастовард, ки бо шарофати коргардонҳои ҳирфаӣ ноил шудаем, гуле дар анбуҳи хорҳоро мемонад. Дар ин бахш якҷоя дунболи ҳақиқати чанд филми тоҷикӣ хоҳем рафт. Нахуст аз сохтакориҳо оғоз мекунем, ки табиӣ бозӣ накардани бештари қаҳрамонҳо асоситарин мушкили филмҳои тоҷикӣ гуфта мешавад. Дар бештари маврид ин мушкилро дубляж даҳчанд мекунад. Баъзан ҳатто ба ҷои худи ҳунармандони ҳирфаӣ, ки садои хуб ва ба худашон хос доранд, дигар кас садо медиҳад.

Баъдан муруре ба мувофиқат накардани кадрҳо низ назар хоҳем кард. Масалан, дар филми “Зиндагӣ” ду нафар бо ҳам даст ба гиребон мешаванд. Яке айнак дорад, ки баъд аз афту дарафти зиёд ва мушткӯбиҳои бешумор ҳам айнак аз чашми ӯ намеафтад. Дар филми “Нотарс” бошад, ҳавопаймо дар роҳ ба сӯи Теҳрон суқут мекунад. Онҳое, ки аз ин садама ҷон ба саломат мебаранд, дар гармои тобистон ва он ҳам рӯзона гулхан мегиронанд. Дар “Нишони зиндагӣ” ҳодисаҳои филм дар замони Шӯравӣ ба вуқуъ мепайвандад, аммо мизу курсӣ, либоси қаҳрамонҳо ҳозиразамонанд. Дар дохили мошине, ки рақами Шӯравӣ дорад, диски “CD” овезон аст.

Беҳтараш наворро бубинед ва агар мабодо бо мо розӣ нашудед, андешаи худро зери он бинависед. Бо умеди шуҳрати ҷаҳонӣ, ҳади аққал минтақаӣ ёфтани синамои тоҷик то ҳафтаи дигар Худо нигаҳбонатон!



Вернуться назад