Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Интихобот - 2013 > Ситоди Бобоназарова 202 ҳазор имзои ҷамъшударо месӯзонад

Ситоди Бобоназарова 202 ҳазор имзои ҷамъшударо месӯзонад


22 октябр 2013, 12:01. Разместил: administrator
Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова тасмим гирифтааст, рӯйхати 202 ҳазор имзоеро, ки ба тарафдории номзади ислоҳотхоҳон ҷамъоварӣ шуда, вале ба Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод нашудааст, бисӯзонад.

Дар ин бора Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва раҳбари ситоди интихоботии Бобоназарова, хабар дод ва гуфт, дар сурати ба дасти мақомот расидани ин феҳрист эҳтимоли мавриди таъқиб қарор гирифтани тарафдоронашон вуҷуд дорад. “Айни замон мо ин имзоҳоро дар ҷое маҳфуз нигоҳ медорем. Баъдан, ҳайатеро барои сӯзондани ин имзоҳо ташкил карда, ҳамаи ин имзоҳоро месӯзонем. Ба касе онҳоро нахоҳем дод”,-афзуд оқои Ҳайит.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шомили онанд, дар моҳи сентябр Ойниҳол Бобоназароваро номзади ягонаи худ дар интихоботи президентии 6 ноябр эълон карданд. Қарор буд, хонум Бобоназарова бо ҷамъоварии 210 ҳазор имзо расман вориди сабқат шуда, барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ мубориза барад. Вале ситоди интихоботии ӯ рӯзи 11 октябр эълон кард, 210 ҳазор имзое, ки Кумисюни марказии интихобот таъин кардааст, натавонист ҷамъоврӣ намояд ва аз ин рӯ аз сабқат берун шудааст. Онҳо гуфтанд, ба тарафдории Бобоназарова 202 ҳазор имзо ҷамъ шудааст.

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, мегӯяд, аксари онҳое, ки ба тарафдории Бобоназарова имзо гузоштаанд, аз онҳо хостаанд то рӯйхати имзоҳо ба дасти мақомот нарасад. Ба гуфтаи ӯ, "тибқи Протоколи 32-20, ки натиҷаи як ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон аст, то ҳол мақомот дар ҷустуҷӯи рӯйхати нафаронеанд, ки ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова имзо гузоштаанд".

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шаш номзад ба мақоми президентиро сабтином кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, яке аз онҳост. Ҳоло ин номзадҳо ва афроди боътимодашон машғули тарғибу таблиғи барномаҳои қаблазинтихоботии худ дар минтақаҳои кишваранд. Аммо ахиран Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч бо нашри гузорише аз фазои пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон интиқод кард. Ин созмон гуфт, номзадҳое, ки ҳоло ба ҳайси рақиби оқои Раҳмон вориди интихоб шудаанд, на рақиб, балки пуштибонҳои сиёсати ӯянд.

Вернуться назад