Главная > Тоҷикистон > Даргузашти Мамадҷонов, нахустин президенти ФФТ

Даргузашти Мамадҷонов, нахустин президенти ФФТ


5 ноябр 2013, 10:39. Разместил: hd
Мирзо Мамадҷонов, нахустин президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар пайи бемории бардавом 4-уми ноябр аз олам даргузашт.

Тибқи иттилои ФФТ Мирзо Мамадҷонов бояд моҳи декабри соли равон ба синни 70-солагӣ мерасид. Ӯ яке аз доварони сатҳи умумишӯравӣ буда, сабқатҳои сатҳи аввали Иттиҳоди Шӯравиро доварӣ мекардааст. Мамадҷонов соли 1992 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуда, дар солҳои минбаъда ба сифати ноиби президенти ФФТ кор мекардааст. Ӯ аз соли гузашта инҷониб раҳбарии Комиссияи доварону нозирони ФФТ-ро ба уҳда доштааст.


Вернуться назад