Главная > Тоҷикистон > Интихоботи президентии 6 ноябр баргузоршуда эълон гардид

Интихоботи президентии 6 ноябр баргузоршуда эълон гардид


6 ноябр 2013, 14:31. Разместил: administrator
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, то соати 14-и 6 ноябр беш аз 2 миллиону 862 ҳазор нафар дар интихобот иштирок ва ба тарафдории номзади мавриди назарашон раъй додаанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ, ки дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ин рақам 68 дарсад аз 4 миллиону 34 ҳазор афроди қобили раъйро ташкил медиҳад ва, бинобар ин, интихоботи 6 ноябр баргузоршуда эълон мегардад. Чун, ба гуфтаи ӯ, бар асоси қонуни интихобот вақте аз нисф зиёди интихобкунандагон ба овоздиҳӣ меоянд, интихобот баргузоршуда ҳисоб меёбад.

Оқои Шоҳиён ҳузури сокинон дар қитъаҳои раъйдиҳиро назаррас арзёбӣ карда ва гуфт, “ин баёнгари он аст, ки мардуми тоҷик нисбат ба тақдири худу ояндаи кишвари худ бетараф нестанд. Зеро онҳо дарк мекунанд, ки президент кафили истиқлолият ва пойдории давлат аст.”

Шермуҳаммади Шоҳиён дар идома афзуд, то кунун ба унвонии Кумисюни марказии интихобот фақат як аризаи шифоҳӣ расидаасту бас. Ба гуфтаи ӯ, як сокини кишвар гӯиё аз он ки ному насаби ӯро дар рӯйхат ғалат навиштаанд, ба онҳо муроҷиат кардааст. “Ҳарчанд ному насабаш нодуруст навишта шуда бошад ҳам, дар қитъаи раъйдиҳӣ ба ӯ имконият додаанд, ба тарафдории номзаде, ки мехоҳад, овоз диҳад”,-афзуд раиси КМИРТ.

Овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон соати 20:00 ба анҷом хоҳад расид. Кумисюни марказии интихобот мегӯяд, аз натоиҷи раъйдиҳӣ сокинонро тавассути раоснаҳо огоҳ хоҳад кард. Ин ниҳод қаблан гуфта буд, то соати 10 беш аз 40 дарсади интихобокунандагон ба пойи сандуқҳои раъй омадаанд.

Ҳарчанд нозирони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аз шаффофии ҷараёни интихобот сӯҳбат мекунанд, вале бино ба хабарҳои манобеи "Озодагон" қонуншиканиҳое, ба мисли раъйдиҳии як нафар ба ҷои аҳли хонавода ва “машварат”-и масъулони қитъаҳои раъйдиҳӣ ба интихобкунандагон мушоҳида мешавад.

Вернуться назад