Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Мақомот: “Қатли Мунирхон Хоҷаев ба муаллимияш рабт надорад”

Мақомот: “Қатли Мунирхон Хоҷаев ба муаллимияш рабт надорад”


10 декабр 2013, 17:39. Разместил: administrator
Мақомоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯянд, латту кӯб ва марги Мунирхон Хоҷаев, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ), ба фаъолияти ӯ рабт надорад.

Як масъули Раёсат, ки бо “Озодагон” сӯҳбат мекард, гуфт, ин хулосаи пешакист ва ҳанӯз тафтишоти ҳодиса ба анҷом нарасидааст. Вале, ба қавли мусоҳиби мо, ду нафар, ки яке сокини Бадахшону дигарӣ аз Хатлон будааст, ба гумони даст доштан дар қатли Мунирхон Хоҷаев боздошт шудаанд.

Ҳарчанд аз муттаҳамон ном бурда намешавад, вале мақомот мегӯянд, онҳо баъд аз он ки Хоҷаевро латту кӯб намудаанд, аз ҷайбаш маблағ гирифтаанд. Қаблан, бархе аз огоҳони ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буданд,ки гӯиё дар марги номзади илм Мунирхон Хоҷаев яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даст дорад. Вале Раёсати умури дохилӣ ин фарзияро рад карда ва гуфт, гумонбарон аслан донишҷӯ нестанд.

Ҷасади Мунирхон Хоҷаеви 49-сола субҳи 5 декабри соли ҷорӣ дар маҳаллаи “Гулистон”-и Хуҷанд ёфт шуда, сипас дар бемористон ҷон додааст. Мақомот мегӯянд, ӯ мавриди латту кӯби шадид қарор гирифтааст. Дар сӯҳбат бо “Озодагон” ҳамкорони Хоҷаев аз ӯ бо некӣ ёд карда, вайро марди ҳалиму беозор донистанд. Онҳо гуфтанд, мавриди латту кӯб қарор гирифтани ӯ ҳанӯз боварнакарданист ва суолҳои зиёдеро халқ кардааст.

Вернуться назад