Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Миралӣ Достиев, муовини аввали вазир, ба ҷои Маҷидов омад

Миралӣ Достиев, муовини аввали вазир, ба ҷои Маҷидов омад


11 декабр 2013, 10:15. Разместил: administrator
Миралӣ Достиев, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, раҳбари нави Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таъин шудааст. Оқои Достиев дар гузашта, аз соли 2002 то 2006, низ раёсати ин театрро бар ӯҳда дошт.

Як манбаъ аз Вазорати фарҳанг ба “Озодагон” гуфт, муаррифии Миралӣ Достиев ба ҳайси раиси нави театр рӯзи 11 декабр баргузор шудааст. То ин замон раҳбарии Театри опера ва балетро Холмаҳмад Маҷидов ба зимма дошт.

Миралӣ Достиев, ҳоло раҳбари нави Театри опера ва балет, 15 октябри соли 1958 дар деҳаи Гулободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Вай баъд аз хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, дар соли 1981 бо роҳхат ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барои кор меояд. Оқои Достиев то соли 2002 дар ин театр ба ҳайси овозхони опера фаъолият намудааст.

Вай аз моҳи декабри соли 2006 то ин замон ба ҳайси муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон ифои вазифа мекард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)

Вернуться назад