Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > "Истиқлол" бо се легионер "хайрухуш" кард

"Истиқлол" бо се легионер "хайрухуш" кард


15 январ 2014, 16:59. Разместил: MG
Бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе се легионери ҳайати пешинашро ҷавоб дод.

Рустам Ҳакимов, сухангӯи “Истиқлол” ба “Озодагон” гуфт, раҳбарият ба се бозигар мақоми “агенти озод”-ро дод. Акнун, ҳамлагари эронӣ Ҳусейни Суҳробӣ, ҳимоятгари ганагӣ Бенжамин Авуку ва ҳамлагар аз Уганда Юдҷин Сепуйя дар ҷустуҷӯи дастаи нав хоҳанд шуд. Аз ин пештар “Истиқлол” қарордоди ҳамкорӣ бо нимҳимоятгар Иброҳим Рабимовро тамдид накард.

Ёдовар мешавем, чанд рӯзи пеш ба курсии сармурабии “Истиқлол” Мубин Эргашев нишаст.

Вернуться назад