Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Самӣ Шариф -- Шарифхон Самиев, Абдуфаттоҳи Ғоиб -- Фаттоҳ Саидов

Самӣ Шариф -- Шарифхон Самиев, Абдуфаттоҳи Ғоиб -- Фаттоҳ Саидов


6 феврал 2014, 15:06. Разместил: administrator
Шарифхон Самиев, раиси кунунии шаҳри Қӯрғонтеппа ва собиқ раҳбари ширкати “Барқи тоҷик”, номи худро ба Самӣ Шариф табдил додааст.

Манбаи муътамади “Озодагон” мегӯяд, ин тасмим дар ҷаласаи охири шаҳрдорӣ гирифта шуда, ҷаноби Самиев тақрибан шаш навъи ному насабашро пешниҳод кардааст. “Аз панҷ-шаш намуди ному насаби шарифхон Самиев ҳамин Самӣ Шариф пазируфта шуд”,-гуфт манбаъ.

Ҳазфи пасвандҳои русии “ов”-у “вич” аз ному насаби мансабдорони тоҷик дар пайи даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2007 сурат мегирад. То кунун чанде аз мансабдорон дар пайравӣ ба раисиҷумҳур, ки ному насаби худро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон табдил додааст, аз баҳри “ов”-у “вич” гузаштаанд.

Ахиран Шерхон Салимзода, додситонии кулли Тоҷикистон, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат аз таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандони кишвар ба насабгузорӣ тариқи пасвандҳои “ов” ва “вич” интиқод намуда, онро далели заъфи ғояи миллии афроди алоҳида хонд. Дар пайи ин, дарҳол Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ эълон кард, ки насаби худро ба Қосими Раҳбар тадил додааст. Инчунин, Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ, ному насаби худро ба Абдуфаттоҳи Ғоиб ва Гавҳар Шарофова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ба Гавҳар Шарофзода тағйир додаанд.

Вернуться назад