Главная > Тоҷикистон, Мусоҳибаҳо, Рӯ ба рӯ > Сӯҳроб Шарифов: “Бояд ҳамапурсӣ шуда, сохтори давлатдорӣ иваз гардад”

Сӯҳроб Шарифов: “Бояд ҳамапурсӣ шуда, сохтори давлатдорӣ иваз гардад”


4 март 2014, 17:37. Разместил: administrator
Гуфтугӯи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Сӯҳроб Шарифов -- вакили Маҷлиси Намояндагон дар бораи ҳаводиси Украина, мавқеъгирии Русия ва муносибати Маскав бо Душанбе.


Озодагон: Ин шабу рӯз кишварҳои ғарбӣ ба шиддат аз амалкарди Русия дар ҳодисаҳои Украина, бахусус, Қрим нигаронӣ доранд. Ҳатто Амрико аз эҳтимоли ироаи таҳримҳо зидди Маскав мегӯяд. Шумо ҳам дар пайиин ҳаводис дар саҳифаи Фейсбуки худ Владимир Путинро сиёсатмадори заиф номидед...

Шарифов: “Бале. Русия аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Қримро ҳамчун диёри худ дар назар дошт. Баъзе аз сиёсатмадоронаш, барои мисол, Юрий Лужков -- собиқ раиси шаҳри Маскав низ чанд бор гуфта буд, “Қрим аз мост ва мо онро дер ё зуд хоҳем гирифт.” Аслан Русия дар қиболи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеч дурнамое надошт. Инро ҳама медонистанд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил миллатгароён, скинхедҳо ва шовинистони худро дастгирӣ мекард. Бо сари қудрат омадани Владимир Путин пуштибонӣ аз онҳо боз ҳам қавитар гардид. Путин худ миллатгароёнро пуштибонӣ мекунад, аммо вақте миллатгароҳои Украина садо бароварданд, тамом, барояш фоҷиа буд. Путин “Наполеони хурд” аст. Барои ҳамин, вақте ҳаводиси Украина рух дод, Русия якбора иродаашро аз даст дод. Вале ин барои давлатҳои Ғарб сенарияи ошно буд. Русия ноогоҳона ба коре рафт, ки акнун роҳи бозгашт нест. Тавре мегӯянд, “дар қапқон панири хушкшуда ҳаст ва он аз гулӯ намегузарад”. Ҳамакнун тамоми давлатҳои ҷаҳонӣ бар зидди Русия баромад мекунанд. Ҳарчанд Русия мегӯяд, ки барои мавқеъгирӣ ва баҳогузории дигарон ҳеч парвое надорад, аммо ин тавр нест. Русия дар сиёсат дили пок надорад. Русия мисли дигар давлатҳои Ғарб сиёсати аҳмақона, дурӯяву серӯягӣ дорад. Қаблан бо вуҷуди ҳама қудраташ ба Ғарб сар “хам” мекард. Даъво мекард, ки моро қабул кунед, мо ҷузъе аз Осиё нестем, мо ҳам кишвари ғарбӣ. Аммо дар натиҷа исбот кард, ки аз Осиё берун нарафтаааст. Русия бо он амале, ки кард, дар сиёсат дигар бо Ғарб баробар намешавад. Тоҷикистон сиёсати Русияро дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон дар ёд дорад. Аз ин хотир, дар муносибат бо Русия мо набояд беэҳтиётӣ кунем.”

Озодагон: Агар Русия, ба гуфтаи Шумо, воқеан сиёсати зараровар дошта бошад, пас, фурсате нарасидааст, ки Тоҷикистон аз ин шарики стратегии худ даст бикашад?

Шарифов: “Дуруст аст, ки мо шарики стратегӣ ҳастем. Барои Русия шуда, мо худро барои дигар давлатҳои ҷаҳон зери хавфу зарбаи туфангу бомб гузоштаем. Бо ин ҳама меҳрубониҳое, ки мо дорем, Русия боз ҳам муносибати дуруст надорад. Русия ва раҳбари сиёсати ӯ шароитро чунон сохтаанд, ки муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ ҳамоно номи “Ҷамшуд”-ро доранд. Ин ҳама хидмате, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои Русия мекунанд, ҳанӯз ҳам барои ҷонашон душман доранд. Сочиро муҳоҷирони осиёӣ сохтанд, аммо бар ивази заҳматашон миннатдорие нашуниданд. Ин нописандӣ аст. Русия як абарқудрати нописанд аст.”

Озодагон: Мегӯед, Тоҷикистон барои Русия худро зери хатар гузошт ва мисле, ки Маскав нисбат ба Душанбе нописандӣ дорад. Оё ин маънои онро надорад, ки дар сиёсат мо заъф дорем ва аз ин сабаб дар хостаҳои худ бо Русия муваффақ намешавем?

Шарифов: “Мо истифода карда натавонистем ва муваффақ нашудем. Ба назари ман, Русия дар маҷмуъ муносибати худро бо Тоҷикистон бояд аз сар бигирад. Арзишҳо дар муносибат бояд дигар шаванд.”

Озодагон: Ишора кардед, ки Русия сиёсати аҳмақона ва дурӯя дорад. Гуфта метавонед, ки Тоҷикистон дар сиёсат чанд “рӯ” дорад?

Шарифов: “Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки мо ба ислоҳот ниёз дорем. Мо бояд бар зидди он ҳама таҳдиду хатарҳое, ки ба мо аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мерос гузоштаанд, берун бароем. Ман бар ин назар ҳастам, ки Тоҷикистон дар системаи унитарӣ ва автономӣ бояд ислоҳот бигзаронад. Дар Тоҷикистон бигзор танҳо ноҳияву марказ вуҷуд дошта бошад. Мақоми ноҳияҳо бояд баланд бардошта шавад. Ҳамин гуна як системаи давлатӣ бояд бисозем. Ҳамаи он сохторе, ки мо дорем, ин мероси замони Шӯравист. Ҳамаи ин бо мақсади дур кардани минтақаҳо аз ҳам ва тақсим кардани Тоҷикистон сохта шудааст. Ба назари ман дар Тоҷикистон бояд як ҳамапурсӣ баргузор карду сохтори давлатдориро иваз намуд.”

Вернуться назад