Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҳизби аграрӣ дар остонаи интихобот аз узвияти 441 аъзои нав хабар дод
Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015, Сиёсат, Тема дня > Ҳизби аграрӣ дар остонаи интихобот аз узвияти 441 аъзои нав хабар дод

Ҳизби аграрӣ дар остонаи интихобот аз узвияти 441 аъзои нав хабар дод


3 ноябр 2014, 08:51. Разместил: MG
Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) мегӯяд, дар ҷараёни сафари кории Рустам Латифзода, муовини аввали раиси ин ҳизб ба вилояти Суғд сафаи аъзоёнаш бештар шудаанд.

Тавре аз дафтари матбуотии ҲАТ гуфтанд, ин сафар 20 октябр шурӯъ гардида, то 1 ноябр идома кард ва дар ҷараёни он Рустам Латифзода аз ҳама шаҳру навоҳии вилояти Суғд дидан кардааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар аслан масоили омодагии Ҳизби аграрӣ ба интихоботи парлумонии соли 2015 матраҳ шудааст. “Моҳи ноябр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ конфронсҳои ҳизбӣ дар назар дошта шудааст, ки дар онҳо вакилон ба Анҷумани VI-и ҲАТ ва номзадҳо ба ҳавзаҳои якмандатӣ ва ягонаи ҷумҳуриявӣ пешбарӣ хоҳанд шуд”,-афзуд манбаъ.

Дафтари матбуотии ҲАТ мегӯяд, аснои сафари кории Латифзода ба ноҳияҳои Расулов ва Кӯҳистони Масчоҳ шӯъбаҳои ҲАТ таъсис гардид ва “айни ҳол дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят, ба истиснои шаҳри Истиқлол, кумитаҳои иҷроияи ҲАТ фаъолият дошта, беш аз 14 ҳазор аъзоро муттаҳид мекунанд. Дар ноҳияҳои Спитамен, Ғончӣ, Ҷ. Расулов ва Исфара ба 441 нафар аъзоёни нав билетҳои ҳизбӣ супорида шуд”.

Манбаъ таъкид мекунад, дар суҳбат бо муовини раиси ҳизб кишоварзони вилояти Суғд бештар атрофи масъалаҳои низоми андозбандӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъминоти моддию техникии хоҷагињои деҳқонӣ, дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзноки бонкӣ ва хизмати машваратӣ, бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзон суҳбат кардаанд: “Латифзода Рустам қайд кард, масълаҳои мазкур масъалаҳои меҳварӣ буда, ба лоиҳаи Барномаи интихоботии ҳизб дохил шуда, афзалиятҳои фаъолияти роҳбарият ва ҳар як аъзо мебошанд”.

Вернуться назад