Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Президент наҳзатию коммунисту сотсиалистро ба КМИР пешбарӣ кард
Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015, Сиёсат > Президент наҳзатию коммунисту сотсиалистро ба КМИР пешбарӣ кард

Президент наҳзатию коммунисту сотсиалистро ба КМИР пешбарӣ кард


6 декабр 2014, 11:03. Разместил: hd
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 15 нафарро, ба ки ҳайси раис, муовин ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод кардааст, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, тибқи қонунгузорӣ раис, муовини раис ва 13 нафар аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо пешниҳоди президент аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар давоми 3 рӯзи пас аз эълон шудани интихобот интихоб карда мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайати пешниҳодкардаи раисиҷумҳур намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии расман дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда пешниҳод гардидаанд ва 4 нафари онҳо занон мебошанд.

Абдуманон Дадабоев, сардори Дастгоҳи КМИР дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар қатори аъзоёни комиссия аз ҷумла Ҷаллолиддини Маҳмуд аз ҲНИТ, Омина Ёрматова аз Ҳизби сотсиалистӣ ва Вера Романова аз Ҳизби коммунистӣ пешниҳод шудаанд. Ба иттилои манбаъ аз ҲСДТ ба ҳайси аъзои КМИР ягон кас пешниҳод нашудааст.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, зимни суҳбат бо афроди пешниҳодшуда Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки интихобот бояд бо риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба таври шаффофу демократӣ ба роҳ монда шавад: “Ҳамчунин таъкид гардид, ки татбиқи талаботи қонун ва меъёрҳои демократии интихоботӣ бояд барои ҳамаи номзадҳо бо шароити баробар ва яксон таъмин карда шавад.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори боварӣ намудааст, ки интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 1 марти соли 2015 баргузор мегардад, дар фазои орому осуда ва бо риояи меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷараён гирифта, ба таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон ва рушди босуботу бонизоми ояндаи кишвар мусоидати фаъол менамояд.

Акбаралӣ Саттор, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, ки аз ҷониби раисиҷумҳур ба ҳайси узви КМИР пешниҳод шудааст ва дар ин мулоқот иштирок доштааст, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, диққати асосиро раисиҷумҳур ба риояи қонунгузорӣ дар интихобот зоҳир кард: “Супориш доданд, ки ҳар аризаю шикояте, ки аз ҷониби аҳзоби мухолиф пешниҳод мешавад, саривақт баррасӣ ва муҳокима гардад.”

Дар ҳамин ҳол дар назар аст, ки аъзои нави КМИР ва раиси он, ки Шермуҳаммади Шоҳиён пешниҳод шудааст, аз тарафи парлумон ҳафтаи оянда тасдиқ хоҳанд шуд.

Вернуться назад