Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Пешниҳоди таъсиси “Хадамоти муҳоҷирати давлатӣ” дар Қазоқистон
Главная > Қазоқистон > Пешниҳоди таъсиси “Хадамоти муҳоҷирати давлатӣ” дар Қазоқистон

Пешниҳоди таъсиси “Хадамоти муҳоҷирати давлатӣ” дар Қазоқистон


26 январ 2015, 12:53. Разместил: MG
Ғанӣ Қосимов, раҳбари ҳизби “Патриот”-и Қазоқистон пешниҳод кардааст, барои ҳалли масоили муҳоҷират як ниҳоди вижа таъсис дода шавад.

Ба иддао ӯ, сиёсати муҳоҷират ҷанбаи асосии амнияти миллӣ ба шумор меравад ва бояд тавассути ниҳоди вижае ба низом дароварда шавад. Ин сиёсатмадори қазоқ мегӯяд, кишварҳои зиёд, ба хусус Русия, аз зиёд шудани муҳоҷирони корӣ ранҷ мебаранд. Ғанӣ Қосимов гуфтааст, аз иштибоҳи кишварҳои ҳамсоя бояд таҷриба кард ва ниҳоди “Хадамоти муҳоҷирати давлатӣ”-ро бунёд намуд, ки барои ворид ва хориҷ шудани шаҳрвандони хориҷӣ аз Қазоқистон масъул бошад.

“Феълан ташкилотҳои сайёҳӣ, мақомоти иҷроии маҳаллӣ ва вазоратҳо ҳар касро ба кишвар даъват мекунанд. Баъдан касе онҳоро таҳти контрол намегирад, ки онҳо чӣ касе ҳастанд ва ба куҷо мераванд. Ин ниҳод бояд мустақил бошад ва раҳбараш танҳо тобеи раиси ҷумҳур бошад”,- мегӯяд Ғанӣ Қосимов.

Вернуться назад