Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015, Сиёсат > Рақобати чор номзади ҲХДТ барои курсии парлумон дар Ванҷ

Рақобати чор номзади ҲХДТ барои курсии парлумон дар Ванҷ


14 феврал 2015, 10:08. Разместил: MG
Дар ҳавзаи якмандатии "Ванҷ", №40-и Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон чор номзади Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар интихоботи якуми март номнавис шудаанд.

Санавбар Раҷабов, раиси ин ҳавза имрӯз, 14 феврал ба "Озодагон" гуфт, барои курсии парлумон панҷ номзад бо ҳам рақобат хоҳанд кард. "Муҳаббатшо Рӯзадоров, мушовири шӯъбаи ёрдамчиёни президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аз ҲХДТ, Розиқ Гиёев, мудири маъмурияти минтақавии Боғи миллӣ дар ноҳияи Ванҷ, аз ҲАТ, Султонсаид Давлатшоев, раиси ҷамоати Рӯшони ноҳияи Рӯшон аз ҲХДТ, Сулаймон Муллёров, сардори идораи роҳсозии ноҳияи Дарвоз, аз ҲХДТ ва Гулхотун Шониёзова, мудири мактаби миёнаи рақами 3-и ноҳияи Шуғнон, аз ҲХДТ номзадҳое мебошанд, ки дар ин ҳавза номнавис шудаанд",-афзуд ӯ.

Дар ҳавзаи якмандатии "Хоруғ", №41 низ панҷ номзад вориди корзори интихоботӣ шудаанд. Давлат Алиназаров, раиси ҳавза мегӯяд, Акрамшо Фелалиев вакилии феълии порлумон аз ҲХДТ, Абдуласан Мамадасанов, мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи ҳукумати ноҳияи Шуғнон аз ҲАТ, Сайёрамо Замирова, муовини раиси ноҳияи Ишкошим ба тариқи худпешбарӣ, Алим Шерзамонов, раиси кумитаи иҷроияи ҲСДТ дар Бадахшон, аз ҲСДТ ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афзун Қурбонзода сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, аз ҲИИТ барои курсии палатаи поёнии парлумон талош мекунанд.

Вернуться назад