Главная > Тоҷикистон, Мусоҳибаҳо, Дидгоҳи хос, Тема дня > Пурсиш: То кай дар қатори бадтаринҳо мемонем?

Пурсиш: То кай дар қатори бадтаринҳо мемонем?


4 сентябр 2015, 09:36. Разместил: MG
Skytrax, ширкати бритониёӣ оид ба омӯзиши сифати хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо рӯзи 29 август феҳрасти ширкатҳои ҳавонавардиеро нашр кард, ки сатҳи хизматрасонӣ ва маҳсули хатти муқаддамашон хеле паст аст. Миёни 23 ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон, номи ширкати “ТоҷикЭйр” ҳам навишта шудааст. Дар робита “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: ТО КАЙ ДАР ҚАТОРИ БАДТАРИНҲО МЕМОНЕМ?


Эраҷ РАМАЗОНОВ, ҷомеашинос

Таҳлилҳое, ки баъзе ташкилотҳо мегузаронанд, то ҷое ба ин розӣ шуда метавонем, аммо сухан сари он меравад, ки ин ҳолат то кай идома меёбад? Барои ҳамин имрӯз ҳукумат бевоста кушиш карда истодааст, ки сатҳу сифати хизматрасониҳо ва зиндагӣ ҷавобгӯи талабот бошад. Дар ин замина шаҳрвадон низ масъуланд, ки рафъи камбудиву норасоӣ ба мақомоти марбута ва ё ҳукумат муроҷиат кунанд. Бо ин рафтор, ки мо фақат роҳбариятро иваз кардан гирему ягон натиҷа надиҳад, ин ҳалли масъала шуда наметавонад. Ва ташкилотҳои хориҷӣ низ ҳангоми гузаронидани тадқиқотҳо назари мардумро бигиранд ва натиҷаи онро ба мақомоти марбута пешниҳод намоянд. Ҳукумат бояд барои паст кардани сатҳи коррупсия, камбизоатӣ тамоми чораҳоро аз ин зиёд бояд биандешад. Барои ниёзмандон кумакҳои моддӣ расонад ва ҳам ҷойҳои кории хуб бо маоши арзанда омода созад.

Иззат АМОН, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия

Шахсан ман ба ин баҳогузориҳо ва раддабандиҳои ташкилотҳои хориҷӣ зиёд бовар надорам. Он ки вазъи зиндагӣ дар кишвари мо вахим аст, инро бидуни омӯзишу таҳлил ҳам медонем. Бинобар ҳамин, агар ҳамон ташкилотҳои байналмилалие, ки сатҳи зиндагии мардумро меомӯзанд як илоҷе карда масъулини давлатии моро аз натиҷаи омӯзишашон хабар медоданд минатдор мешудем.

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, коршиноси масоили иқтисодӣ

Қариб 20 сол мешавад, ки чунин иттилояиҳои созмонҳои байналмилалиро дунбол мекунам ва онҳо ҳамеша Тоҷикистонро дар раддабандиҳои ахир қарор медиҳанд, ки ин вобаста аст ба худи кишвари мо, ки на дар мубориза бар зидди фасод муваффақ ҳастему на дар омодасозии шароити кориву шароити зиндагии арзанда. Мо ташкилоту мақомотҳои зиёд дорем, ки зидди фасод мубориза бояд баранд вале созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки Тоҷикистон мубориза намебарад. Албатта он усулу шеваҳое, ки дар Ғарб мубориза мебаранд дар Тоҷикистон шояд кор набиёянд. Вале ба ҳар ҳол кишвари мо дар муқоиса бо дигар кишварҳо фасодзада ҳаст ва дар Тоҷикистон бештар фасоди иҷтимоӣ ҷой дорад. Фасод дар ҳама ҷомеаҳо ҳама чизро фурӯ мебарад. Тоҷикистонро имрӯз кишвари ақибмонда гуфта дар кишварҳои СНГ ҳатто эҳтиром намекунанд. Аз ҳамин лиҳоз барои мусбат нишон додани Тоҷикистон дар чунин раддабандиҳо, ҳукуматро зарур аст барномаи махсусе дар самти мубориза бо фасод, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дигар норасоиҳо дошта бошад ва мардум аз зиндагияшон шикоят накунанд, дилмонда набошанд, ба ҳукумат эътимод пайдо кунанд.

Вернуться назад