Главная > Тоҷикистон > Э.Раҳмон дар фестивали атласу адрас: Саҳнаву толори Қасри Арбоб барои ман муқаддас аст

Э.Раҳмон дар фестивали атласу адрас: Саҳнаву толори Қасри Арбоб барои ман муқаддас аст


22 октябр 2015, 09:07. Разместил: MG
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ҷашнвораи “Атлас ва адраси тоҷик-2015” иштирок кардааст.

Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ медиҳад, ин ҷашнвора дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. “Президенти мамлакат маҳсули дасти чеваронро тамошо карда, бо ҳунармандон, ки машғули атласу адрасбофӣ буданд, суҳбат кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори ин бонувони чирадаст баҳои баланд, дода онҳоро барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи шогирдон ва ҳарчи бештар тарғиб кардани либосҳои тоҷикӣ ҳидоят намуд”,-менависад торнамои расмии президент.

Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд 80 маркази атласу адрасбофӣ бунёд ёфтааст ва то охири сол ин шумора бояд ба 150 адад расонида шавад. “9 нафар тарроҳ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд либосҳои миллиро, ки аз навъҳои гуногуни атласу адрас духта шуда буданд, пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар ин ҳамоиш тарроҳон аз 30 номгу матоъи гуногуни атласу адрас куртаҳоро бо тарҳи милливу ҳозиразамон духта, пешкаши аҳли нишаст карданд”.

Торнамо менависад, дар вақти баҳодиҳӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, зебоӣ, тарҳи либосҳои нотакрору ғайримуқаррарӣ, тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдузӣ, қуроқдузӣ, интихоби ашёи ороиш ва пардоз ба назар гирифта шуд: “Дар охири барномаи рангини ҳунарӣ, ки таърихи рушди санъати атлас ва адрасбофиро тавассути саҳнаҳо инъикос менамуд, аз руи шартҳои озмун, аз ҷумла беҳтарин атласи Гули бодом, беҳтарин либоси кудакона, беҳтарин либоси рӯзмарраю расмӣ, беҳтарин либоси қадима ва беҳтарин адрас ғолибон муайян шуданд. Ба иштирокчиёни муваффақ ва ғолиб барои бофтани атласу адраси хушсифат ҷоизаҳо дар ҳаҷми 10 ва 8 ҳазор сомонӣ муайн карда шуда буд, ки онро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард”.

Президент пешниҳод карда, ҷашнвораи атласу адрас на дар сатҳи вилоят, балки дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида шавад.

Аснои суханронӣ дар ҷамъбасти фестивал Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “саҳнаву толори Қасри Арбоб барои ман азизу муқаддас аст”. 16 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон (парлумон), ки дар Қасри Арбоб гузашт, ба курсии раёсати Тоҷикистон нишаст.

Вернуться назад