Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Боздошти як марди 36-сола бо иттиҳоми куштори пешхизмати ошхона

Боздошти як марди 36-сола бо иттиҳоми куштори пешхизмати ошхона


25 март 2016, 09:57. Разместил: MG
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 36-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иттиҳоми куштори зани 26-сола хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, ҷасади зан бо аломатҳои марги маҷбурӣ тахминан соатҳои 09:30-и рӯзи 22 март аз дохили канали обгузари ҳудуди деҳаи Коминтерни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайдо шудааст. Манбаъ мегӯяд, дасту пойҳои ҷасад бо ресмон баста буд: “Муаян шуд, ки ӯ дар яке аз ошхонаҳо пешхизмат шуда кор мекардааст”.

Вазорати умури дохилӣ меафзояд, барои ошкор намудани ҷинояти куштор бо супориши вазир Рамазон Раҳимзода гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис шуд: “Рӯзи 24 март кормандони РВКД дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратура ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳияро дастгир намуданд”.

Ба иттилои манбаъ, дар робита парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Вернуться назад