Главная > Тоҷикистон, Дин ва зиндагӣ, Тема дня > Аз 3 то 3 солу 4 моҳ. Ҳабси имом-хатибон барои узвият дар “Ихвонулмуслимин”

Аз 3 то 3 солу 4 моҳ. Ҳабси имом-хатибон барои узвият дар “Ихвонулмуслимин”


17 июн 2016, 10:06. Разместил: MG
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 7 тан аз имом-хатибон ва ходимони масоҷиди шимоли кишварро барои узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯи “Ихвонулмуслимин” равонаи зиндон кардааст.

Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, бо ҳукми додгоҳ Мақсуд Урунов, имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Конибодом ва Аббос Абдураҳмонову Ҳусейн Тухтаев, муовинони ӯ муҳлати ҳабсро дар зиндони низомаш сахт пушти сар хоҳанд кард: “Бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин Абдуҷамил Юсуфӣ имом-хатиби масҷиди марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Сулаймон Болтуев имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум), Ҳамзаалӣ Султонов имомхатиби пешини масҷиди “Тақво”-и шаҳри Хуҷанд ва Маҳдӣ Болтаев имом-хатиби масҷиди ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара равонаи маҳбас шуданд”.

Манбаъ афзуд, ҳамаи ин 7 нафар аз 3 то 3 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум шуда ва ин муҳлатро дар зиндони низомаш сахт пушти сар мекунанд.

Бино ба гуфтаи манобеи “Озодагон”, ин ходимони дин моҳи марти соли равон аз сӯйи кормандони пулис дастгир шуда, тафтиши парвандаи онҳоро додситонии вилояти Суғд анҷом додааст: “Таҳқиқи қазияи мазкур бошад, махфӣ ҷараён дошт ва ба толори мурофиа аз ҷониби айбдоршавандагон танҳо вакилони мудофеи онҳо роҳ дода мешуданд”.

Вернуться назад