Главная > Туркманистон > Манъи фурӯши сигор ба занҳо

Манъи фурӯши сигор ба занҳо


25 октябр 2016, 12:05. Разместил: MG
Дар мағозаҳои давлатии Туркманистон фурӯши тамоку ба занҳо манъ шудааст. Дар ин бора “Хроника Туркменистана” хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи шанбеи гузашта дар мағозаҳои давлатии Туркманистон эълоне насб шуда, ки аз манъи фурӯши сигор огоҳ мекунад: “Баъзе занҳо баъди соатҳои дар навбат будан аз фурӯшанда мефаҳманд, ки ба онҳо сигор фурӯхта намешавад, дигаронро аз навбат кормандони пулис берун кашида, мегӯянд, ки ин амр аз “боло” содир шудааст”.

Яке аз сабабҳои ин тасмим ба он рабт дода мешавад, ки баъзе занҳо қутии сигорро аз мағоза 19-20 манат харида, баъдан бо нархи ду баробар гарон мефурӯшанд: “Дар нуқтаҳои хусусӣ ба занҳо сигор фурӯхта мешавад, аммо бар ивази 40-60 манат”.

Вернуться назад