Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Подполковники маҳкумшуда ба зиндон гуфтааст, 36 кило маводи мухаддиро барои боздошти қочоқбарони тоҷик нигоҳ медошт
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Муҳоҷир, Тема дня > Подполковники маҳкумшуда ба зиндон гуфтааст, 36 кило маводи мухаддиро барои боздошти қочоқбарони тоҷик нигоҳ медошт

Подполковники маҳкумшуда ба зиндон гуфтааст, 36 кило маводи мухаддиро барои боздошти қочоқбарони тоҷик нигоҳ медошт


29 декабр 2016, 10:17. Разместил: MG
Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург як подполковники пулиси нақлиёти ин шаҳрро барои 18 сол равонаи зиндон кардааст.

Александр Левский дар нигоҳдории маводи мухаддир муҷрим шинохта шудааст. Мақомоти тафтишотии Санкт-Петербург гуфтаанд, моҳи августи соли 2014 аз манзили иҷораи Левский дар хиёбони Солидарност 36 килло маводи нашъадор дарёфт шудааст. Аммо ин подполковники пулис дар додгоҳ иддао кардааст, ки ин миқдор маводи мухаддирро барои он нигоҳ медошт, ки қочоқбарони тоҷикро фиреб дода, боздошт кунад. Бар пояи ҳукми додгоҳ Левский 18 соли умри худро дар калонияи низомаш сахт пушти сар намуда, пас аз раҳо шудан 10 сол наметавонад вазифаҳои масъулро соҳиб шавад.

Дар робита ба ин қазия ду шаҳрванди дигари Русия ҳам боздошт шудаанд. Бо ҳукми додгоҳ Денис Василев барои 8 сол равонаи зиндони низомаш махсус шуда, Андрей Вожов ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст.

Вернуться назад