Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Тавсифи Полина аз тоҷикҳо: Дар автобус ҷой медиҳанд...
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Муҳоҷир, Тема дня > Тавсифи Полина аз тоҷикҳо: Дар автобус ҷой медиҳанд...

Тавсифи Полина аз тоҷикҳо: Дар автобус ҷой медиҳанд...


6 январ 2017, 15:24. Разместил: MG
Тавсифи як ҷавондухтари рус аз тоҷикҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вокунишҳои зиёд рӯбарӯ шудааст.

Полина Юрева, як сокини Ростови лаби Дон аз носазогӯиҳо дар мавриди намояндаҳои миллатҳои ғайрирус изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” навишта, хеле зиёд дар мавриди миллатҳои гуногун суханҳои нохуб зада мешавад. Полина ин ҳолатро “даҳшатнок” хонда, дар идома навиштааст: “Ман намефаҳмам, ки чӣ гуна мешавад одамонро аз рӯи тафовутҳои нажодиву миллӣ ҷудо сохт. Тавре мегӯянд, панҷ панҷа баробар намешавад. Дар автобус як ҷавони рус ва паҳлуяш ҷавони тоҷик нишастаанд. Зане бо тифли ноболиғ вориди мусофиркаш мешавад ва дарёбед, кӣ ба ӯ ҷой медиҳад? Дуруст – тоҷик”.

Полина Юрева меафзояд, барои баъзе бародарони русаш, ки одитарин қоидаи рафторро намедонанд, хеле нороҳат аст ва аз ин ки дар шаҳр ҳанӯз шаҳрвандони тарбиятдидае, бигзор тоҷик зиндагӣ мекунанд, хушнуд аст.

Ин шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои зиёд рӯбарӯ шуд. Баъзе аз ҳамшаҳриҳои Полина изҳор доштаанд, ки нафаҳмиданд, ӯ бо ин навишта чӣ мехост. Аммо нафароне ҳам бо андешаҳои вай розӣ шудаанд.

Вернуться назад